Перомуни масоили муҳим

Бинанда: 1540 | Санаи нашр: 05 Декабр 2019

4-уми декабри соли 2019 дар донишгоҳ вохӯрии ректор, доктори илми иқтисодӣ , профессор Фақеров Ҳ.Н., нозири Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Маҳмудов, сардори шуъбаи таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи Вазорати маориф ва илми кишвар Ҳокимхон Вализода, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Неъматзода ва раиси Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

 

 

 

Дар анҷуман Фақеров Ҳ.Н. ва дигар намояндагони сохторҳои давлатӣ доир ба фарҳанги ҳуқуқӣ, дониш ва маърифати ҷавонон, иштироки фаъолонаи  онҳо дар маъракаи интихоботӣ , пешгири воридшавии ҷавонон ба ниҳодҳои терористиву ифротгароӣ , арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ризокорӣ ба хотири таъмин намудани тартибу низоми ҷамъиятӣ дар давраи интихобот ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷом Фақеров Ҳ.Н. ба намояндагони ниҳодҳои давлатӣ барои суханронии пурмуҳтаво  ва судманд изҳори сипос кард.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top