Семинари илмӣ-методӣ

Бинанда: 1454 | Санаи нашр: 04 Декабр 2019

4-уми декабри соли 2019 дар кафедраи забонҳо семинари илмӣ- методӣ баргузор гардид, ки дар он муалими калон Насриддинов Т.Н. дар мавзӯи: «Усулҳои фаъоли таълими забони хориҷӣ» ва ассистент Занҷирова  М.З. дар мавзӯи: «Английские фразеологизмы в экономическом контексте» шунида шуд.

Нахуст Насриддинов Т.Н. дар бораи истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарси забони англисӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки чунин  амал ба беҳтар гардидани сатҳи забономӯзӣ ва забондонии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Занҷирова  М.З. зимни суханронии худ доир ба истифодаи босамари фразеологизм дар матнҳои иқтисодӣ ибрози андеша намуда,  гуфт , ки гузаронидани семинарҳои илмӣ-методӣ барои такмили донишу маҳорати омузгорон бисёр судманд аст.

Дар фарҷом нотиқон ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top