Минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Бинанда: 2161 | Санаи нашр: 04 Декабр 2019

4-уми декабри соли 2019 дар факултети тиҷорат ва гумрук семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Масоили фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки муовини декан оид ба илм, номзади илмҳои иқтисодӣ  Лоиқшоҳ Бӯриев  ва омӯзгорон тадвир ёфт.

Нахуст Лоиқшоҳ Бӯриев ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба аҳаммияти афзуни  нишастҳои илмӣ барои омӯзгорону донишҷӯён ибрози андеша кард.

Сипас муаллими калони кафедраи маркетинг ва тиҷорат Абдураҳмони Ҳакимзода доир ба мавзӯи матраҳшуда суханронӣ намуда, таъкид кард, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.

 

Дар идомаи ҳамоиш муаллими калони кафедраи маркетинг ва тиҷорат Сабрина Ясакиева ва мудири кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нозимҷон Нидоев фикру ақидаи худро перомуни мавзӯи мавриди назар иброз намуданд.

Абдураҳмони Ҳакимзода доир ба мавзӯъ ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт.

Дар фарҷом Лоиқшоҳ Бӯриев ба Абдураҳмони Ҳакимзода ва дигар иштирокдорони ҳамоиш ибрози сипос намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top