Истиқлолият - бузургтарин сармояи миллату давлат

Бинанда: 1539 | Санаи нашр: 01 Сентябр 2019

Табрикоти ректори донишгоҳ, д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ба ифтихори Рӯзи дониш ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкасбон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Чун дар арафаи таҷлили бузургтарин дастоварди миллату давлат - Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон қарор дорем, сухани табрикотии хешро мехоҳам бо чунин суханони арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асолат ва муҳимияти истиқлолияти миллиро ба таври барҷаста ифода мекунанд, оғоз намоям.

"Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи орзуву ормони чандинасра ва кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи куҳанбунёди худ мебошад".

Бале, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст. Воқеан ҳам, андешаи истиқлолияту озодӣ ва талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ дар зеҳну шуур ва андешаву афкори мардуми тамаддунсози мо дар давоми беш аз ҳазор сол зинда буд.
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Оғози соли нави таҳсил - Рӯзи донишро имсол мову шумо дар арафаи бузургтарин ҷашни кишвар, яъне 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамон истиқбол мегирем.

Рӯзи дониш - иди илму маърифат, ҷашни аҳли зиёи ҷумҳурӣ буда, дар рӯҳияи баланди идона, ифтихори ватандорӣ ва болидагию фараҳмандӣ аз рушду нумӯи кишвар, ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи мактабу маориф ва таҳсилоти олӣ, ки онро соҳаи афзалиятнок эълон намудааст, ҷараён мегирад.

Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо бо соли нави таҳсил ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.

Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Истиқлолият барои ҳар як шахси ватандӯст ва худшиносу худогоҳ азизу муқаддас буда, соҳибихтиёрӣ ва эътирофи ин ё он кишварро дар арсаи байналмилалӣ муайян менамояд. Аз ин ҷост, ки ҳар як халқу миллат барои ба даст овардани он кӯшишу заҳматҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: "Ба даст овардани истиқлолияти бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст". Воқеан ҳам, барои ҳифзи истиқлолият ва нигаҳдошти дастовардҳои он тоҷикону тоҷикистониён ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардиданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ шуда буд, мавҷудияти давлати ҷавони соҳибистиқлолро зери хавфу хатари ҷиддӣ гузошт. Хушбахтона, халқи бофарҳангу тамаддунсози тоҷик таҳти Сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳони сахти таърих бомуваффақият гузашта, мушкилиҳои сохтаро паси сар намуд. Ба ибораи дигар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ҷаҳду талош, донишу маҳорат ва истеъдоди баланди роҳбарӣ халқро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дод.

Боиси хурсандӣ ва фараҳмандист, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ сол то сол мустаҳкамтар гардида, имкониятҳои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир бештар шуда истодааст.

Устодон ва донишҷӯёни азиз, дастовардҳои зиёде, ки мову шумо дар бистуҳашт соли Истиқлолияти кишвар соҳиб гардидем, самараи истиқлолият ва фаъолияти пурсамари Шумо - ҳайати профессорон, устодон ва кормандон баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, моро водор менамояд, ки минбаъд низ кору фаъолиятамонро дар сатҳи боз ҳам баландтар ба роҳ монем ва барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат ва гумрук, ки кишвари азизамон ба онҳо ниёзи бештар дорад, ғайрату матонат ва ташаббускорӣ нишон диҳем.

Тавре ки Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, "Ободии Ватан ва осоиши мардуми он аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарӯзӣ ва кори содиқонаву софдилонаро тақозо мекунад".

Дар ин рӯзи фараҳбахш бо умеди дастовардҳои боз ҳам назаррастари илмию тадқиқотӣ ва омӯзгорӣ кулли ҷомеаи донишгоҳ, бахусус, донишҷӯёни соли аввали таҳсилро, ки бо мақсади андӯхтани дониш ва маҳорати касбӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон омадаанд, бо соли нави таҳсил ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил муборакбод намуда, ба шумоён дар раванди таълиму донишандӯзӣ комёбиҳои беназир таманно дорам.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top