Такмили 4 барномаи таҳсилотии донишгоҳ дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат”

Бинанда: 2003 | Санаи нашр: 14 Июл 2019

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар байни макотиби олии кишвар нахустин шуда, ба низоми кредитии таҳсилот ворид гардида буд, фаъолияташро дар ин самт пурзӯр намуда, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас тадбирҳои зиёдро амалӣ гардонида истодааст.

Гузаронидани семинару конфронсҳо ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни омӯзгорону мутахассисони мактабҳои олии кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ дар самти воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва мутобиқ гардонидани стандарту барномаҳои таҳсилотӣ ба стандарту нишондиҳандаҳои аврупоии таъмини сифати таҳсилот бо мақсади мутобиқгардонии стандарту барномаҳои таҳсилотӣ ба стандарту нишондиҳандаҳои аврупоии таъмини сифати таҳсилот мебошад. Дар донишгоҳ аз моҳи декабри соли 2018 гурӯҳи кории лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” таъсис ёфт, ки аз ҳафт нафар олимону мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод иборат буда, як қатор корҳоро ба сомон расонданд..

Гурӯҳи корӣ аз 10-ум то 15-уми июни соли равон дар семинари байналмилалие, ки таҳти роҳбарии мушовири баналмилалии Иттиҳоди Аврупо, муовини роҳбари гурӯҳи кории татбиқи раванди Болонӣ, профессор Анн Кетрин Айзек дар донишгоҳи шаҳри Пизаи Италия гузаронида шуд, ширкат варзида, барои дар амал татбиқ намудани он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Гурӯҳи корӣ дар Раёсати васеи донишгоҳ аз хусуси таҷрибаи андӯхтаашон дар Донишгоҳи шаҳри Пизаи Италия гузориш дода, бо рӯйнамо (презентация)-и диққатҷалбкунанда баромад намуданд. Чунон -чи, аъзои гурӯҳи кории лоиҳа З.Маҳмадуллоев иброз дошт, ки бо мақсади мутобиқ гардондан стандарту барномаҳои таҳсилотӣ ба стандарту нишондиҳандаҳои аврупоии таъмини сифати таҳсилот, дар доираи лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат”, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, вазъи кунунии стандартии таҳсилотии ДДТТ-ро оид ба ихтисоси “Иқтисодиёт ва идораукунӣ дар корхона” аз нигоҳи мутобиқати он ба барномаҳои таҳсилотии ихтисосҳои мувофиқи муассисасҳои таҳсилоти олии ҷумҳурии қазоқистон (дар раванди семинари омӯзишӣ дар Донишгоҳи Алма-менеҷменти шаҳри. Алмаато), Федератсияи Россия ва ҷумҳурии Беларус (тариқи интернет), инчунин ҷавобгӯ будани ин барномаҳоро ба талаботи стандарту нишондодҳои аврупоии сифати таҳсилот омӯхтем.

Таҳлили муқоисавии мазмуну мундариҷаи барномаҳои таҳсилотӣ доир ба ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракуни дар корхона”, ки аз ҷониби донишгоҳҳои мамолики зикргардида таҳия шудаанд, аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва танҳо қисман ба талаботи стандарт ва нишондодҳои аврупоии сифати таҳсилот ҷавобгӯ мебошанд. Аз ҷиҳати сохтор, мазмун ва пайдарпайии мантиқӣ, - суханашро давом дода гуфт ӯ, барномаҳои таҳсилотии донишгоҳҳои Беларус ва қазоқистон нисбат ба барномаҳои таҳсилотии донишгоҳҳои Россия ва Тоҷикистон бештар ба стандарту нишондодҳои аврупоии сифат мутобиқат доранд, бо вуҷуди ин, онҳо низ ба такмил ниёз доранд.

Дар презентацияи аъзоёни гурӯҳи кории лоиҳаи мазкур ҳамитов С. ва Мирзоев Р. Дар бораи соли таъсиси Донишгоҳи шаҳри Пизаи Италия -1343 (676 соли фаъолият), теъдоди донишҷӯён (56 000) нафар, муҳлати таҳсил: зинаи бакалавриат - 3 ва 4 сол, зинаи магистратура 1 ва 2 сол, дастовардҳои он, аз ҷумла се нафар сазовори ҷоизаи Нобел, 12 нафар математикони дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратёфта, ба даст овардани 37 млн евро аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳо ва грантҳо, фаъолият кардани Галелео Галилей (1589-1592) ва ғайра маълумоти муфассал дода, татбиқи лоиҳаро дар ДДТТ мақсаднок ва саривақтӣ арзёбӣ кард.

Аъзои дигари гурӯҳи кории лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат” Нарзулло Сангинов дар маърӯзааш, ки “Такмили барномаҳои таҳсилотӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан” номгузорӣ шуда буд, дар хусуси тарзу роҳҳои самараноки аз аккредитатсияи байналмилалӣ, гузаштан, афазлияту бартариҳои аккредитатсияи байналмилалӣ меъерҳои асосии аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани мактаби олӣ ва натиҷаҳои бадастомада баён ёфтанд.

Узви гурӯҳи кории лоиҳаи “Низоми менеҷменти сифат”, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шаропов Ф.Р. презентатсияашро дар мавзӯи “Таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон” бахшида, таъкид дошт ки низоми зикргардида дар ташкилот барои ташаккули сиёсат ва мақсадҳо дар самти таъмини сифат ва ноил шудан ба ин мақсадҳо таҳя мегардад. ӯ инчунин афзуд, ки Низоми менеҷменти сифат ин маҷмӯи сохтори ташкилӣ, усулҳо, ҷараёнҳо ва сарватҳо мебошад, ки барои амалӣ намудани сиёсат дар самти сифат бо ёрии нақшагирӣ , идоракунӣ, таъмин ва беҳсозии сифат зарур аст.

Унсурҳои асосии Низоми менеҷменти сифат, зарурати таҳия ва татбиқи ин низом, моделҳои асосии барои таҳия ва татбиқи низоми мазкур, стандартҳо ва тавсияҳо барои таъмини сифат аз ҷумлаи омилҳои асосии рушдкунандаи ин ё он макотиби олӣ маҳсуб меёфтанд, ки дар бораашон Ф.Шаропов ибрози андеша намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top