Вохӯрӣ бо Марк Розенбаум

Бинанда: 1822 | Санаи нашр: 13 Июн 2019

13-уми июни соли 2019 дар толори диссертатсионии донишгоҳ мулоқоти роҳбари бахши фарҳангии Сафорати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тодд Ҳюз ва профессори соҳаи сайёҳӣ ва меҳмонхонадории Донишгоҳи Королинаи Ҷанубӣ Марк Розенбаум бо донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ доир гардид, ки дар он профессори мазкур бо муаррифии мавзӯи “Аҳаммияти рушди сайёҳӣ дар иқтисодиёти кишвар” суханронии пурмуҳтаво намуд ва ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт.

 

 

Сипас аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Қобил Толибов бо арзи икрому эҳтиром ба меҳмонони гиромиқадр туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top