Барномаи "Алфа - экспресс"

Бинанда: 1714 | Санаи нашр: 07 Январ 2019

Аз 7-уми январ то 16-уми январи соли 2019 дар донишгоҳ семинари омӯзишӣ барои омӯзгорон дар мавзӯи “Омӯзиши барномаи “Алфа-экспресс” бо дарназардошти тағйиру иловаҳо” баргузор мегардад.    

Семинари омӯзишӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраи “Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт” Беҳрӯзҷон Бӯриев ва Маҳмадрасул Қурбонов гузаронида мешавад.

Омӯзгорон донишу таҷрибаи нави аз ин семинар андӯхтаи худро зимни гузаронидани имтиҳонҳои фосилавӣ ва ҷамъбастӣ ба таври самаранок мавриди корбаст қарор медиҳанд.

Ин семинари омӯзишӣ бо кӯшиши аъзои шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият ташкил карда шудааст.  

  

Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top