Паёми созанда

Бинанда: 1308 | Санаи нашр: 27 Декабр 2018

27-уми декабри соли 2018 дар донишгоҳ ҳамоиши бошукӯҳи омӯзгорону донишҷӯён бо мақсади ҷонибдорӣ, омӯзиш ва татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

 Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Акрамов Ф.М. ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳамияти бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Паёми имсола ибрози андеша кард.

 

Дар идомаи ҳамоиш муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ, дотсент Толибов Қ.Қ. мудири шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, дотсент Бойалӣ Ҳусейнов, муаллими калони кафедраи “Ҳуқуқи тиҷорат” Фаррух Алиев ва чанде аз донишҷӯён суханронӣ намуда, оид ба ҷанбаҳои гуногуни Паёми раҳнамунсоз ва аҳамияти бузурги созандаи он барои қишрҳои гуногуни ҷомеа ва рушди муназзами кишвар афкору ақидаҳои худро изҳор карданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top