Ҳамкориҳои судманд

Бинанда: 1413 | Санаи нашр: 15 Декабр 2018

Ҳар сол бо ташаббуси Раёсати ДДТТ бо мақсади ҷалби довталабон ба ин боргоҳи илму маърифат якчанд гурӯҳи корӣ дар ҳайати омӯзгорону мутахассисон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода мешавад.

  

Соли равон аз 12-ум то 15-уми декабри соли 2018 як гурӯҳи корӣ бо роҳбарии котиби Шӯрои олимон Маҳсуддинова Р.Ғ. дар ҳайати муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ Маҳмудов М.А. ва донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 25010801 – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Қодиров П.Б. бо мақсади тарғибу ташвиқ ва муаррифии зарфияти илмию омӯзгори ДДТТ ба шаҳри Норак ва ноҳияҳои Темурмалику Данғара сафари корӣ намуда, бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаби президентии минтақаи мазкур суҳбату мулоқотҳои судманд гузарониданд.

  

Раёсати ДДТТ ба мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара Давлатзода Ф.Ш., мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак Набиев С.Б. ва дигар шахсони масъули соҳаи маорифи ноҳияҳои мазкур барои истиқболи гарму самимии аъзои гурӯҳи корӣ ва ҳамкориҳои судманд дар масъалаи омода намудани насли нави ояндасози кишвар изҳори сипос менамояд.

 Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top