Гурӯҳи тарғиботӣ дар Вахшу Бохтар

Бинанда: 1326 | Санаи нашр: 12 Декабр 2018

Соли равон бо ибтикори Раёсати ДДТТ дар доираи чорабинии “Довталаб-2019” бо мақсади тарғибу ташвиқ ва муаррифии донишгоҳ суҳбату мулоқотҳои омӯзгорону мутахассисони ин боргоҳи илму маърифат бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсиоти миёнаи ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида шуд.

   

Бино бар ин, як гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ Ҷовидон Сафаров ва муаллими калони кафедраи СИДИ М.Қурбонов аз 12 – ум то 15-уми декабри соли равон суҳбату мулоқотҳои худро бо хатмкунандагони МТМУ-и шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён гузарониданд.

   

Ҷовидон Сафаров зимни суҳбату мулоқотҳо бо насли ояндасози меҳан зикр намуд, ки ҳайти ДДТТ дар мавриди омода кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир аз рӯи 28 ихтисос ба се забони – тоҷикӣ (давлатӣ), русӣ ва англисӣ нақши арзанда ва саҳми сазовор дорад ва заминан моддию техникии он ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ аст. Ҳамчунин, аз ҷониби мавсуф ба намояндагони масъули шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мазкур барои ҳамкориҳои судманди онҳо бо Раёсати ДДТТ изҳори хушнудию сипос карда шуд.

  

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top