Конференсияи байналмилалӣ

Бинанда: 1296 | Санаи нашр: 20 Декабр 2018

20-уми декабри соли 2018 дар донишгоҳ бо ташаббуси Донишгоҳи савдою иқтисоди Беларус ба тариқи онлайн конференсия дар мавзӯи “Мубрамияти проблемаҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва менеҷмент” барои донишҷӯёну магистрантон гузаронида шуд.

Иштирокчиёни конференсия аз шумори донишҷӯёну магистрантони ҷумҳуриҳои Беларус, Тоҷикистон ва Украина дар хусуси масоили ҳаталаби иқтисоди ҷаҳонӣ ва маркетинг табодули афкор намуданд.

Кишвари моро дар конференсия донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Малика Ҳисориева бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Ҳолати бизнеси меҳмонхонадорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ намуд.    

   

Шуъбаи робита бо ҷомеа     

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top