Забони илм ва фарҳанги миллӣ

Бинанда: 1435 | Санаи нашр: 19 Декабр 2018

13-уми декабри соли 2018 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ аз ҷониби аъзои кафедраи забонҳо семинари илмӣ – назариявӣ зери унвони “Забони давлатӣ – забони илм ва фарҳанги миллӣ” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет гузаронида шуд.

Нахуст декани факултет Назаралӣ Салимов бо сухани ифтитоҳӣ ба семинар ҳусни оғоз бахшида, аз ҳузури шефтагони забон, илм ва фарҳанги миллӣ изҳори хушнудию сипос кард ва суханро ба дотсенти кафедраи забонҳо Бобишоҳи Насриддиниён вогузор намуд. Мавсуф дар мавзӯи “Истилоҳ ва истилоҳпазирӣ дар забони тоҷикӣ” суханронӣ намуда, перомуни рушди забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он, риояи меъёрҳои забони адабӣ, интихоб, танзим ва корбасти истилоҳу мафҳумҳои нав аз ҷониби коршиносони варзидаи соҳаи забон ва роҳу воситаҳои асосии истилоҳсозӣ дар забони тоҷикӣ ибрози андеша кард.  

Дар анҷоми нишаст Назаралӣ Салимов гузаронидани чунин семинарҳоро, ки боиси болоравии худшиносию хувияти миллӣ ва афзудани захираи луғавии омӯзгорону донишҷӯён мегардад, бисер ҳам судманд арзёбӣ намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи забонҳо     

  

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top