Конференсия дар “Ҳилтон”

Бинанда: 1351 | Санаи нашр: 14 Декабр 2018

14-уми декабри соли 2018 дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо ташаббус ва дар асоси барномаи Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ва Институти “Ҷомеаи кушода” – и Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо мақсади дасгирии идораи молияи давлатӣ конференсия дар мавзӯи “Таҳлил дар соҳаи идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид, ки дар кори он омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд.

Омӯзгорону пажӯҳишгарони ҷавон – Комилҷон Алимов, Замира Қодирова ва Икром Қӯшқоров доир ба масоили маблағгузории соҳаи маориф, маблағгузорӣ дар низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ суханронӣ карданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа     

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top