Ифтитоҳи қаҳвахонаи ”Ҷило”

Бинанда: 1358 | Санаи нашр: 10 Декабр 2018

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар баробари дуруст ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ба ҳалли масоили иҷтимоии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ диққати зарурӣ дода, пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Расман ба фаъолият оғоз бахшидани  қаҳвахонаи ”Ҷило”, ки 10 - уми декабри соли ҷорӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н, муовинони ректор, раиси иттифоқи касабаи кормандон ва намояндагони дигар сохторҳои донишгоҳ сурат гирифт, далели ғамхории навбатии Раёсати донишгоҳ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Тавре ки маъмури қаҳвахона Фаридун Раҳимов иброз дошт, қаҳвахона фаъолияташро ҳамарӯза (ба ғайр аз якшанбе) аз соати 8:00 то 18:00 ба роҳ монда, коргарони он тамоми кӯшишу ғайраташонро ба он равона хоҳанд кард, ки зимни хидматрасонӣ бо муомила, муошират ва фарҳанги баланди хидматрасонӣ  ба мизоҷон хидмати шоиста расонанд.

Марҳамат, ба қаҳвахонаи ”Ҷило”

Шуъбаи робита бо ҷомеа     

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top