Таҳсилот бидуни марз

Бинанда: 1545 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2018

23-юми ноябри соли 2018 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафтаи ХII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай “Таҳсилот бидуни марз” оғоз гардид. Дар кори ҳафтаи таҳсилот намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои узви Донишгоҳҳои СҲШ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Чин, Ӯзбекистон, Покистон ва Ҳиндустон ширкат доранд

Ҳадафи доир намудан Ҳафтаи ХII таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай пурзӯр намудани ҳамкории кишварҳои узви СҲШ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳавзаи ҳамин созмон, табодули таҷриба дар самти омода намудани мутахассисони шоиста ва устувор гардонидани дӯстию ҳамкориҳои давлатҳои СҲШ ба воситаи соҳаи маориф мебошад.

Дар оянда вобаста ба таъмиқу тавсеаи ҳамкориҳои босамари давлатҳои узви СҲШ дар соҳаи маориф ба вуҷуд овордани фазои ягонаи таҳсилот, омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогӣ дар асоси барнома ва меъёрҳои ягона мавриди назар аст.

Дар кори ҳамоиши мазкур намояндагони шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва устодону кормадони ДДТТ ба роҳбарии муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита ҷомеа дотсент Заррина Қодирова иштирок намуданд.

Дар ояндаи наздик боварию умед аст, ки бо ташаббусу иқдоми шоистаи роҳбарият ва аъзои шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ДДТТ дар баробари дигар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъолу комилҳуқуқи Донишгоҳҳои олии Созмони ҳамкории Шанхай мегардад.    

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top