Рӯзи Президент дар Беларус

Бинанда: 1569 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2018

16-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси магистри Донишгоҳи иқтисод ва савдои шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус Фарида Алимардонова ва дигар донишҷӯёни тоҷик дар ин боргоҳи илму маърифат мизи мудаввар ба ифтихори Рӯзи Президент ва ба кор андохтани чархаи нахустини Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барпо гардид, ки дар он дар баробари тоҷикон ҷавонони беларус низ иштирок намуданд.

Нахуст Фарида Алимардонова ва дигар донишҷӯёни тоҷик зимни суханронии худ дар бораи хидматҳои бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди муназзами сиёсию иқтисодии кишвар, эҳёи расму ойинҳои мардумӣ, худшиносию ифтихори миллӣ ва ба кор андохтани чархаи нахустини кохи нури “Роғун” ибрози андеша намуданд.

Ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар боварию умед доранд, ки нуристони “Роғун” дар оянда баъди бо иқтидори пурраи худ ба кор даромадан дар масъалаи ба кишвари саноатӣ – аграрӣ табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузурги иқтисодӣ мебозад. Ҳамчунин, донишҷӯёни тоҷик ифтихору сарфарозии худро аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки, дар ҳақикат, сарвари миллию мардумист иброз намуданд ва бо камоли ихлосу муҳаббат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашни миллию давлатӣ хонданд.

Маълумотномаи мо:

Фарида Алимардонова хатмкардаи ДДТТ мебошад ва бо дастгирию ёрии молиявии Раёсати донишгоҳ кунун дар магистратураи Донишгоҳи иқтисод ва савдои шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус таҳсил менамояд.

  Шуъбаи робита бо ҷомеа    

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top