Ҷавонон ва масоили мубрами замони муосир

Бинанда: 1550 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2018

Аз 8-ум то 12-уми ноябри соли 2018 дар шаҳри Саняни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи Маҷмаи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавзӯи “Мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ” баргузор гардид.

 Дар кори ҷаласа намояндагони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай аз Тоҷикистон. Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҷавонон аз ҳашт кишвари нозир ширкат намуданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ Абдуалим Ҳомидов, донишҷӯи курси 2-юми ҳамин донишгоҳ Миҷгона Нуриддинова ва як гурӯҳи ҷавонон аз макотиби олии кишвар иштирок карданд.

Дар қисми расмии ҷаласаи Маҷмаи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай Дабири кулли ҳамин созмон Рашид Олимов ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Мавсуф перомуни масоили мубрами замони муосир- терроризму ифротгароӣ ва мағзшӯии ҷавонон аз ҷониби ниҳодҳои ифротию иртиҷоӣ ибрози андеша кард.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ Абдуалим Ҳомидов дар бахши чоруми ҳамоиш маърӯзаи худро дар мавзӯи “Терроризму ифротгароӣ падидаи номатлуби ҷомеа” ба аҳли нишаст ироа намуда, перомуни вабои аср будани ин падидан нохуш ва пайомади фоҷеабору марговари он баёни афкор намуд.    

Кори Маҷмаи ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай панҷ рӯз идома ёфта, бо барномаи фарогири маҳфилу нишастҳои гунонгуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бисёр ҳам пурмазмуну шавқовар доир гардид ва дар он ҷавонони кишварҳои ҳавзаи созмони мазкур бо дидору гуфтугӯи ҷолибу омӯзанда  ниҳоли боровари дӯстию бародариро дар қалби якдигар парвариш намуданд.

  Шуъбаи робита бо ҷомеа ва шуъбаи кор бо ҷавонон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top