Пирӯзӣ дар озмуни донишгоҳӣ

Бинанда: 1499 | Санаи нашр: 09 Ноябр 2018

9-уми ноябри соли 2018 дар ДДТТ бо мақсади дастгирӣ ва афзун гардонидани ангезаву ҳавасмандии донишҷӯён дар ҷодаи донишомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, худшиносию ифтихори миллӣ, меҳанпарастӣ, инсонгароию маърифатнокӣ, парвариши маънавию ахлоқӣ ва дарёфти донишҷӯёни беҳтарину лаёқатманд ва бомаърифату ташаббускор дар байни муҳассилини фаъоли ҳамаи факултетҳо озмуни донишгоҳии “Донишҷӯи сол - 2018” гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, номзади илмҳои филологӣ, досент Акрамов Ф.М. бо ҳайати комиссияи озмуни мазкур иштирок доштанд.

Дар озмуни умумиҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2018”, ки даври якуми он дар байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии кишвар доир гардид, дар донишгоҳи мо 8-нафар донишҷӯи пирӯзгардида аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ аз рӯи се шарти озмун- навиштани эссе, пурсишнома ба забони англисӣ ва суолу ҷавоб ба забонҳои давлатию англисӣ сабқат намуданд. Дар ин сабқат донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 25010407 – молия ва қарз Шаҳноза Темурзода бо одобу ахлоқи нек, донишу маърифати баланд ва ҷаҳонбинии васеъ пирӯз гардид.

Раёсати ДДТТ ба пирӯзманди даври якуми озмуни умумиҷумҳуриявии "Донишҷӯи сол-2018" аз донишгоҳи мо Шаҳноза Темурзода дар даври дуюми озмуни мазкур пирӯзию комёбӣ орзу менамояд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top