Кохи нури «Роғун» ва рушди устувори иқтисоди миллӣ

Бинанда: 1515 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2018

Рӯзи 1-уми ноябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия семинари илмию назариявӣ таҳти унвони «НБО-и «Роғун» - рушди устувори Тоҷикистон» бахшида ба истифода додани чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.

Дар кори семинар олимон, муҳаққиқон аз институтҳои тадқиқотӣ, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд

Ба кори семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К. ҳусни оғоз бахшида, ҷараёни минбаъдаи он таҳти роҳбарии мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура номзади илмҳои техникӣ, дотсент Зубайдов С. сурат гирифт.

Магистри соли дуюми ихтисоси 25.01.08 С.Додарбеков дар мавзӯи «Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» - ҷабҳаи созанда ба хотири ободии Ватан», баромад намуда, оид ба таърих, рушд ва ҷараёни корҳои НБО-и «Роғун» маълумоти муфассал доданд.

 

 Магистри соли якуми ихтисоси 25.01.03 Н.Мирзоев дар мавзӯи «НБО-и «Роғун» равшангари хонадони тоҷикистониён» маърӯзаи пурмазмун намуд.

Иштирокчиёни семинар аз саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти бузурги аср ёдовар шуда, нақши бузурги ӯро дар ин кори муҳиму сарнавишсоз бесобиқа арзёбӣ карданд.

 Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top