Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ

Бинанда: 1452 | Санаи нашр: 12 Ноябр 2018

12–уми ноябри соли равон дар донишгоҳ бо дастгирии Департаменти давлатӣ ва Департаменти маорифи Сафорати ШМА чорабинии таълимӣ таҳти унвони “Намоишгоҳи таҳсилотӣ оид ба имкониятҳои таҳсил дар ШМА” доир гардид, ки дар он Кордори муваққатии сафорати ШМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт ва муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мадаюбович Мирбобоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро ректори донишгоҳ, профессор Ҳ.Н.Фақеров оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз хусуси ҳамкориҳои донишгоҳ бо мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ШМА ёдовар шуд ва бо камоли эҳтиром суханро ба Кевин Коверт вогузор намуд.

Меҳмони амрикоӣ нахуст аз шароиту имкониятҳои бавуҷудовардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати баргузории чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, андешаҳояшро доир ба имкониятҳои васеи таҳсил дар ин кишвари пешрафтаи ҷаҳон (ШМА) баён намуд.

 Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.М. Мирбобоев қаблан аз саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз дошт, ки ба шарофати истиқлолияти кишвар ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат соҳаи маориф сол то сол рушд карда, обрӯю нуфузи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хеле боло рафт.

 

Ӯ ҳамчунин, қайд намуд, ки донишҷӯёни болаёқати мактабҳои олии кишвар, аз ҷумла, донишҷӯёни ДДТТ метавонанд дар дилхоҳ мактабҳои олии ШМА таҳсили илм намоянд ва баъди бозгашт, ба Ватани азизи хеш – Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилона хизмат намоянд.

    

 Пас аз суханҳои ифтитоҳӣ иштирокчиёни чорабинӣ – талабагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳҳо бо барномаҳои таълимӣ, имкониятҳои таълим ва таҷрибаомӯзӣ дар ШМА шинос шуда, бо мавод ва китобҳои гуногуни таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ таъмин гардиданд.

 Р.Шариф, шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top