Ҳамоиши нахустини илмии донишҷӯён

Бинанда: 1634 | Санаи нашр: 09 Ноябр 2018

9-уми ноябри соли 2018 ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Сайфиддин Давлатзода, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдусалом Мирзозода ва роҳбарони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон аз намоишгоҳ ва ҳунару маҳорати донишҷӯёни ихтисоси соҳаи сайёҳӣ дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Дар ин форум аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳайати муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ – методӣ Толибов Қ.Қ., мудири кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат Мирзоалиев А.А., мудири парки технологӣ Латипов К., омӯзгорони калон Абдуллоев З.А., Раҳмонов И.Қ., ва як гурӯҳ донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, гӯшаеро бо овеза, ороиши миз, дастовардҳои кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат ва парки технологии донишгоҳ оростанд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиш аз ҷониби нотиқон зикр гардид, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Дар ин замина Тоҷикистон ба марҳалаи нави созандагиву ободкорӣ ва пешрафту рушди муназзами соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид гардидааст ки соҳаи сайёҳӣ низ ҳамчун соҳаи афзалиятнок аз ин доира истисно нест. Имрӯз дар 14 муассисаи олии таълимии Тоҷикистон 2112-нафар ва дар коллеҷҳо 550 - нафар аз рӯи 6 ихтисоси соҳаи сайёҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳадафи асосии баргузории Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон дар фазои сайёҳии ҷаҳонӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ» мусоидат намудан ба такмили қобилияти таҳлилӣ ва таҳқиқии донишҷӯёни соҳаи сайёҳӣ мебошад. Зеро имрӯз бо мақсади рақобатпазир будан дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос – донандаи хуби забон, фарҳанг, таърих, технологияи муосир, такмили ихтисос ва тақвияти нерӯи инсонӣ хеле зарур аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ аст, ки он дар минтақа беназир арзёбӣ мегардад. Кӯҳҳои осмонбӯс, лозурҳо, обҳои ноб, кӯлу чашмаҳо, табиати афсунгар, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ёдгориҳои бостонӣ, меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тару тоза, дар як фасл тамошо намудани манзараҳои чор фасли сол, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои дармонбахш таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд. Кунун дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ихтисоси менеҷмент бо зерихтисосҳои менеҷменти сайёҳӣ, сайёҳат ва меҳмонхонадорӣ, иқтисод ва идоракунӣ дар корхонаҳои сайёҳӣ, маркетинги сайёҳӣ мавҷуд аст ва дар ин замина мутахассисони шоистаи дар бозори меҳнат рақобатпазир омода мегарданд.

Ҳамзамон, дар доираи форум як қатор озмунҳо – намоиши беҳтарин мавзеи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сурати беҳтарин, нақшаи беҳтарини тиҷоратӣ, мақолаи беҳтарин ва беҳтарин рӯнамоӣ, ки қаблан эълон гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин шумор донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси маркетинги байналмилалӣ Ҳангома Худоёрхонова аз рӯи озмуни беҳтарин рӯнамо бо дипломи дараҷаи 3-юм ва донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси менеҷмент Манзаршоҳ Искандарзода аз рӯи озмуни беҳтарин мақола бо сипоснома сарфароз гардиданд.

 Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top