Санади муҳим ва олии ҳуқуқӣ

Бинанда: 1657 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2018

Ҷаласаи тантанавие, ки 3-юми ноябри соли 2018 бо иштироки устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имоммуҳаммадзода Азизмуҳаммад дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, ба 24-умин солгарди ҳуҷҷати сарнавиштсози таърихӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд. 

 

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. оғоз ёфт. Баъди хуш садо додани Суруди миллӣ ректори донишгоҳ аз хусуси Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки шаҳодатномаи давлату миллат маҳсуб меёбад, ёдовар шуда, дар бораи қабули Конститутсия, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, бахусус, саҳми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва такмили он, инчунин, азизу муқаддас будани Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди кишвар ба таври мухтасар ҳарф зад ва бо камоли эҳтиром суханро ба вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имоммуҳаммадзода Азизмуҳаммад вогузоштанд.

 

Констиутсияи Тоҷикистон, ки воқеан ҳам барои ҳар яки мо муқаддас аст,- гуфт ӯ,- вақте қабул гардид, ки Тоҷикистон дар давраи нооромиҳо қарор дошт. Дар Тоҷикистон дар замони шӯравӣ, яъне то давраи истиқлолият чор дафъа (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) Конститутсия қабул карда шуда буд. Вале он аз Конститутсияи ИҶШС (СССР) сарчашма мегирифт. Бо қабул гардидани Конститутсияи соли 1994, ки дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт,- суханашро давом дода гуфт Азизмуҳаммад Имоммуҳаммадзода, - мо тавонистем, ки роҳу равиши давлати Тоҷикистонро дар Конститутсия ҷой диҳем. Ӯ инчунин, аз саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коршиносон, аз ҷумла, олимону мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқ, иқтисод, таърих, забон барои омӯхтани конститутсияҳои давлатҳои пешрафтаи дунё ҷалб ва муваззаф карда шуданд. Натиҷаи ҳамин ҷаҳду талошҳо буд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки хусусияти миллӣ ва чандин бартариҳои дигар дорад, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф ва шинохта шуда, дар байни беҳтарин конститутсияњои дунё мавќеи хосса пайдо кард. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Конститутсияи моро меомӯзанд ва аз он истифода мекунанд. Зеро он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун Конститутсияи демократию адолатпарвар эътироф гардидааст.

Муовини декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ оид ба илм С. Мирзоев дар маърӯзааш, ки «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» номгузорӣ шуда буд, таваҷҷуҳи аҳли толорро оид ба волоияти қонун, риояи қонунҳо, ки танзимкунандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, инчунин, эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҷалб намуда, бо мисолҳои мушаххас рушди ҳамаҷонибаи кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон дод.

 

Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ Шарифзода Зебогул дар бораи ҳуқуқ ба мењнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ (моддаи 35), ҳуқуқ ва ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), ҳуқуқи иштироки озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эљоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ (моддаи 40), ҳуқуқ ба таҳсил (моддаи 41), ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он (моддаи 43), ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ (моддаи 44), ки вазифаи ҳар як шахс, бахусус, ҷавонон аст, ба таври мухтасар ҳарф зада иброз дошт, ки љавонони саодатманди кишвар, ки пайравони Пешвои миллатанд, дар роҳи таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он, инчунин, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва афзун гардонидани онњо ҷаҳду талош хоҳанд кард. Дар анҷоми қисми тантанавии ҷамъомад бо фармоиши ректори донишгоњ як гурӯҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъол бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

 

Қироати порчаҳои шеърӣ дар васфи Конститутсия, Тоҷикистон, Душанбе, дӯстӣ, сурудҳои «Тоҷики ман зинда бош», «Зиндагӣ», суруди ӯзбекии «Яман сан», «Султони қалб» «Ватан», «Чала бар дасти сафеди чаладор», рақс таҳти навои суруди «Гул дар соя», навои таблак, ки аз ҷониби донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ Зайнаби Файзулло, Бахтиёр Саидов, Фаррух Холёров, Сиёвуши Раҳматулло, Ҳамдам Наботов, Ҷаҳоноро Холова, Муҳаммадалӣ Қаҳҳоров, Меҳрангез Давлатова, Дилшода Каримова ва чанде дигарон хеле самимӣ ва дар сатҳи баланд иҷро карда шуданд, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза ва ба дилу дидаи иштирокчиён шодию сурур бахшиданд.

Р. Масъуд, шуъбаи робита бо ҷомеа 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top