Нақши илму адаб дар пешрафти ҷомеа

Бинанда: 1916 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2018

 23-юми ноябри соли 2018 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи ДДТТ ба муносибати ба кор даровардани  агрегати якуми НБО-и "Роғун" семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Илмат ба амал чу ёр гардад…" гузаронида шуд.

Маҳфилро мудири кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣҶамшед Гурезов бо сухани муқаддимавӣҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақши Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ташаккули истиқлолияти миллӣ изҳори андеша кард.

Сипас, профессор  Умриниссо Казакова дар мавзӯи "Мавқеи зан дар ҷомеа" суханронӣ карда, дар баробари саҳми босазо гузоштани занон дар пешрафти ҷомеа, бо овардани иқтибосҳо аз суханҳои мутафаккирони бузурги Шарқу Ғарб дар ситоиши занону модарон  бори дигар бузурги Зан-Модарро нишон дод.

Дар идомаи семинари илмӣ-назариявӣ дотсенти кафедраи забонҳо Зебо Абдулазизова дар мавзӯи "Макнуна-шоираи забардасти тоҷик" маърӯза намуда,  ҳозиринро ба муҳтавои ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти  ин шоираи  охирҳои асри 19-и  тоҷик шинос намуданд. Қайд карда шуд, ки бештари ашъори Макнуна мазмуни лирикӣ дошта, ишқи поку самимиро дар қалби ҷавонон бедор менамояд.

Баъдан, номзади илмҳои филологӣҶамшед Гурезов  дар мавзӯи "Мавқеи илму адаб дар тамаддуни Шарқ" суханронӣ  намуд.  Ӯ иброз дошт, ки илму маърифат дар тамаддуни Шарқ дорои манзалати бузург буда, таълиму тарбияи инсон барои рушди муназзами ҷомеа аҳмияти муҳим дорад. Бино бар ин, дар ҳар давру замон инсони донишманду бомаърифат дар ҷомеа мақоми баланд дорад.

Дар анҷоми нишаст Ҷамшед Гурезов ба устодону донишҷӯён барои иштироки фаъолона ва бо шукӯҳи хосса гузаронидани ҳамоиш, ки боиси боло рафтани худшиносию ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии ҷавонон мегардад, арзи сипос намуд. 

   

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top