Сухане чанд перомуни муқаддасот ва ормони миллӣ

Бинанда: 1629 | Санаи нашр: 25 Октябр 2018

25-уми октябри соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти кафедраи забонҳо ба муносибати Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами давлатии кишвар, Рӯзи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор додани нахустин чархаи НОБ-и Роғун маҳфили илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” доир гардид. Маҳфилро номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳо Ҷамшед Гурезов оғоз намуда, устодон ва донишҷӯёнро бо ин санаҳои муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфт. 

 

 

Сипас, роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён Нилуфар Ергешева аъзои маҳфилро ба ҳозирин муаррифӣ карда, риштаи суханро ба номзади илмҳои филологӣ Зубайда Пакаева вогузор намуд. Мавсуф дар мавзӯи “Рисолат ва вазифаҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” перомуни нақши бузургу арзандаи ин дастури сарнавишсоз дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон суханронӣ карда, мавқеи меҳварию арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро дар ин санади муҳими давлатӣ таъкид намуданд. 

Донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 240101 Шаҳбоз Одинаев, Абӯалӣ Руъё, Азамат Юнусов, Манижа Раҷабова, Сайҳуна Дилмуродзода, Файзалӣ Музаффарзода ва Фурқат Ғаниев дар мавзӯъҳои “Моҳияти Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Конститутсия – кафолати оромии ҷомеа”, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили сулҳ” ва “Парчами давлатӣ – рамзи устувории давлат” суханронии пурмуҳтаво намуданд ва дар амал татбиқ кардани дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷавонон тавсия доданд.

Баъд аз он, гурӯҳи донишҷӯён ба забони англисӣ порчаҳои шеърӣ, суруд ва муаррифиномаҳоро доир ба ҷашнҳои Конститутсия ва Парчами давлатӣ қироат намуданд ва табъи аҳли нишастро хушу болида гардониданд. Дар анҷоми ҳамоиш Ҷамшед Гурезов ба омӯзгорони забони англисӣ Пакаева З., Ергешева Н., Боймуратова М. ва донишҷӯёни фаъоли курси 1-уми ихтисоси 240101, ки дар пурмазмуну шавқангез гузаштани маҳфил саҳмгузорӣ карданд, изҳори сипос намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва кафедраи забонҳо

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top