Дарси кушоди профессор Фақеров Ҳ.Н.

Бинанда: 1630 | Санаи нашр: 22 Октябр 2018

22 –юми октябри соли 2018 дар синфхонаи нави махсус барои таҳсили магистрон дарси кушоди ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. дар мавзӯи «Фондҳои асосӣ» аз фанни иқтисоди корхона барои донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 250105 - иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо баргузор гардид.

Дар вақти дарси кушод профессор ФақеровҲ.Н. моҳияту таркиби фондҳо ва воситаҳои асосии корхонаҳоро ба донишҷӯён фаҳмонида доданд ва  дар бораи таснифи фондҳои асосии корхонаҳою усулҳои баҳодиҳии ин субъектҳои хоҷагидор ба таври муфассал изҳори андеша карданд. Профессор Фақеров барои муассиру хотирмон гардидани мавзӯи дарс аз фаъолияти воқеии  корхонаҳои тиҷоратии ватанию хориҷӣ мисолҳои мушаххасро ба муҳассилин пешниҳод  намуданд. 

 

Ҳамчунин, устод дар бораи моҳият ва фарқнокии фондҳои асосӣ ва воситаҳои асосӣ, ки  масъалаи ниҳоят муҳим ва мураккаб аст, нуқтаи назари худро иброз карданд ва барои тасдиқи андешаҳои илмии хеш формулаҳои муайяни иқтисодиро дар тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор доданд.

Профессор Фақеров дар раванди тадрис барои пурмазмуну шавқовар ва дар сатҳу сифати баланд гузаронидании дарс аз воситаҳои техникӣ ва усули фаъоли таълим ба таври самаранок истифода бурданд.

Устод тавассути донишу таҷрибаи касбӣ тавонистанд, ки дар доираи мавзӯъ муҳассилинро ба мубоҳиса ва саволу ҷавоб ҷалб гардонанд. Чунин амал ва тарзи тадрис имкон фароҳам овард, ки донишҷӯён мазмуну муҳтавои дарсро хеле хуб азхуд намоянд.  

Дарси кушоди профессор Фақеров Ҳ.Н. бо донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 250107 - иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо бо истифодаи босамару эҷодкоронаи воситаҳои муосири техникӣ, усули фаъоли таълим ва рукнҳои муҳиму асосии таълими салоҳиятнок бисёр ҳам муассиру омӯзанда ва шавқовар гузаронида шуд.   

Шуъбаи робита бо ҷомеа 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top