Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон фархунда бод!

Бинанда: 1884 | Санаи нашр: 05 Октябр 2018

Бувад сарчашмаи донишу таълим, 

Ҳама ҳарфу ҳиҷои ту муаллим!

Дар ҳақиқат, омӯзгор дар ҳамаи давру замон шахси барои ҷомеа ва пешрафти он заруртарин маҳсуб меёбад. Омӯзгор чароғест, ки бо нури илму маърифати хеш оламро мунаввар мекунад. Беҳуда нагуфтаанд: То шабҳои дароз ҷароғи рӯи мизи омӯзгор фурӯзон аст, ҷаҳони маънавии мо мунаввар хоҳад буд.

Чорабиние, ки рӯзи 5–уми октябр дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, ба ҷашнҳои Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди омӯзгорон (7–уми октябр) бахшида шуда буд. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон оғоз ёфт. Мавсуф кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳу литсейи ДДТТ–ро бо ин ҷашнҳои муқаддас шодбош гуфта, барояшон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва дар пешаи бисёр ҳам заҳматталаб – омӯзгорӣ комёбиҳои беназир таманно намуд.

Ҳамидуллохон Нуриддинович дар баробари ёдовар шудан аз заҳматҳои зиёди устодон, хизматҳои бесобиқа ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намудааст, махсус қайд кард.

Тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, бахусус, илова гардидани фасли алоҳида доир ба омӯзгор далели ин гуфтаҳост.

Ректори донишгоҳ пешниҳод намуд, ки минбаъд омӯзгорони беҳтарини донишгоҳ (аз ҳисоби ҳар кафедра) муайян гардида, беҳтаринҳо дар Рӯзи омӯзгор бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шаванд. Ҳамчунин, суханашро идомада дода гуфт ӯ, – бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риоя намудани меъёрҳои забони адабӣ озмунҳои “Забондони беҳтарин” бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) гузаронида шуда, ғолибони он дар Рӯзи забони давлатӣ – 5–уми октябр муайян ва қадрдонӣ карда шаванд.

Дар хотимаи қисми расмии чорабинӣ ба волидайни чанде аз донишҷӯёни фаъол “Сипоснома” – и Раёсати донишгоҳ супорида шуд.

Ҳамзамон, ба ғолибони озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол”, ки ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд, Ифтихорномаҳои Раёсати донишгоҳ супорида шуданд.

Барномаи консертии хеле хуб омоданамудаи донишҷӯёни факултети иқтидсодиёт ва менеҷмент, ки бахши фарҳангии чорабиниро ташкил медод, ба аҳли толор ғизои маънавӣ бахшида, табъи онҳоро болида гардонид.

 Р. Шариф, шуъбаи робита бо ҷомеа 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top