Ҷаласаи муштарак

Бинанда: 1449 | Санаи нашр: 01 Октябр 2018

Ҷаласаи муштараки коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Шӯрои олимон, ки 25-уми сентябри соли равон дар толори асосии донишгоҳ баргузор шуд, масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор дод:

- Тасдиқи ҷадвали мансабҳо ва сметаи хароҷотҳо барои соли таҳсили 2018-2019;

- Муҳокима ва тасдиқи шартномаи коллективӣ байни Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон;

- Масъалаҳои ҷорӣ.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҳ.Н. Фақеров ҷаласаро ифтитоҳ намуда, корманди масъули Иттифоқи Тоҷикматлубот Шеравган Шарифовро, ки барои иштирок дар кори ҷаласа ташриф оварда буд, ба аҳли толор муаррифӣ намуд. Сипас, ба таври муфассал дар хусуси роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, тағйироти сохторӣ, вазъи имрӯзаи молиявии донишгоҳ, тарзи ҳавасмандгардонии устодону кормандон суханронӣ намуд.

Ҳамидуллохон Нуриддинович аз ҷумла иброз дошт, ки донишгоҳ дар рейтинги макотиби олии кишвар бо вуҷуди баъзе мушкилиҳо, дар зарфи якуним соли охир ду зина боло баромад, яъне имрӯз ДДТТ дар байни беш аз 30 мактаби олии кишвар дар зинаи 7-ум қарор дорад. Бо такя ба шумо устодону кормандони донишгоҳ, - гуфт ӯ,- мақсад дорем, ки дар рейтинги минбаъда камаш як зина боло бароем. Бо ин мақсад аз ҳайати устодону кормандони донишгоҳ даъват ба амал овард, ки тамоми саъю кӯшишашонро дар роҳи таълиму тарбия ба харҷ диҳанд.

Ҳарчанд шароити зисти устодону донишҷӯёнро дар хобгоҳ хубтар карда бошем ҳам, афзуд ӯ, ният дорем, ки барояшон аз ин ҳам шароитҳои беҳтарро муҳайё созем.

Ректори донишгоҳ аз ҳузури Шеравган Шарифов истифода намуда, изҳори умед кард, ки Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамкориҳои тарафайнро бо донишгоҳ чун солҳои қаблӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҳамчун муассис дар рушду нумуъ ва беҳтар гардидани заминаи моддӣ – техникии донишгоҳ саҳми хешро мегузорад.

Дар хотимаи ҷаласа намояндаи масъули Иттифоқи Тоҷикматлубот Ш. Шарифов суханронӣ карда, иброз дошт, ки фикру андешаҳои баённамудаи Раёсат ва кормандони донишгоҳро ба роҳбарияти Иттифоқи Тоҷикматлубот хоҳад расонд.

 

        

 Р. Шариф, шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top