Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи сайёҳӣ

Бинанда: 1500 | Санаи нашр: 28 Сентябр 2018

Аз 9-ум то 29-уми августи соли 2018 дар шаҳри Фуҷоуи Ҷумҳурии Халқии Чин семинари илмию таълимӣ дар мавзӯи «Идоракунии рушд ва ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистону Чин» баргузор гардид, ки дар он мудири кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Аминов Фотеҳҷон Иномҷонович иштирок намуд. Ҳамоиши илмию таълимӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Чин доир гардид. Дар кори семинари мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияҳои тобеи марказ, Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ширкат доштанд ва дар тӯли се ҳафта лексияҳои олимону омӯзгорони варзидаи донишгоҳҳо ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Халқии Чин роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рушди соҳаи сайёҳӣ шунида шуд.

   04

 

Ҳамзамон, барои меҳмонон ба шаҳрҳои Пекин, Шанхай, Ханчжоу, Сямин ва худи Фуҷоу экскурсияҳои фарҳангӣ ташкил карда шуданд ва онҳо аз ҷойҳои таърихии ин шаҳрҳо дидан карданд. Инчунин, меҳмонон бо роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Халқии Чин мулоқоту суҳбат намуданд ва бо сохторҳои таркибии онҳо шинос шуданд. Санаи 29-уми августи соли 2018 дар маросими пӯшидашавии семинар ба ҳар як иштирокчии он аз ҷониби Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Чин сертификат супорида шуд. Семинари мазкур дар ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи пешқадами соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Халқии Чин ва тарзи идора намудани сохторҳои он дар замони муосир мусоидат намуда, ҳамчун пули устувор дар таҳкими дӯстиву равобити байналмиалии Тоҷикистону Чин заминаи воқеӣ мегузорад.

   03

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top