Фурӯғӣ субҳи доноӣ

Бинанда: 1603 | Санаи нашр: 01 Октябр 2018

Кормандони китобхонаи донишгоҳ дар бобати тарғибу ташвиқи китоб, сари вақт ба толибилмон дастрас намудани он ва ширкат дар озмуну намоишҳои китоб саҳми назаррас доранд

Боиси хурсандист, ки чанде пеш Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Озмуни умумиҷумҳуриявии "Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018" иштирок намуда, аз рӯи номинатсияи "Китобхонаи сол" бо Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази миллии пантенту иттилоот", Китобхонаи давлатии патентию техникӣ сарфароз гардонида шуд.

Ин қадршиносӣ,- гуфт мудири китобхонаи донишгоҳ Гавҳар Маъдиева,- мо кормандони китобхонаро водор месозад, ки кору фаъолият ва сатҳи хизматрасонӣ ба дӯстдорони китобро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, натиҷаҳои хубтарро соҳиб гардем.

Р. Шариф

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top