Суҳбати рӯ ба рӯ ва озод

Бинанда: 1431 | Санаи нашр: 25 Сентябр 2018

Рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори ДДТТ мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуридинович бо донишҷӯёни курси якуми факултети иқтисодиёт ва менеҷмент ва 21-уми сентябр бо донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва фаъолияти бонкӣ доир гардид.

Бояд гуфт, ки тарзи гузаронидани ин вохӯриҳо аз дигар вохӯриҳои қаблӣ тафовут дошт. Ректори донишгоҳ муҳассилини соли аввали таҳсилро ба муносибати донишҷӯи ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гардиданашон самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо дар роҳи илмомӯзӣ ва соҳибкасбу соҳибмаълумот шудан комёбиҳо таманно намуд ва баъдан суханро ба донишҷӯён дод, то ин ки фикру ақидаҳои худро роҷеъ ба тарзи таҳсил, муносибати устодон бо донишҷӯён, имкониятҳои истифодаи китобхонаи электронии донишгоҳ, ширкат дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, шароити зист дар хобгоҳ ва нақшаҳои оянда баён намоянд.

   17.09.2018-2   17.09.2018-3

Аз суханрониҳои донишҷӯён, аз ҷумла, Шифо Қурбонова, Адибаи Асомиддин, Таманно Олимова аз факултети иқтисодиёт ва менеҷмент, Собир Ҳотамов, Ворис Шокиров, Нодира Назарова, Дониёр Турсунбоев, Зайнаббӣ Айёмова аз факултети молия ва фаъолияти бонкӣ, маълум гардид, ки донишу маҳорат, тарзи масъалагузорӣ, баёни фикр ва завқу шавқи донишомӯзии донишҷӯёни курси аввали имсола нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар буда, кӯшишу ғайраташон бештар ба назар мерасад.

Баъдан, ректори донишгоҳ Фақеров Ҳ.Н. дар бораи дастовардҳои донишгоҳ, боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ – техникии донишгоҳ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани донишҷӯён, дохил нагардидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою тундрав, пайравӣ накардан ба равияю мазҳабҳои бегона ҳарф зада, ҷавононро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намуд.

Ӯ, инчунин, дар хусуси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти кишвар, забономӯзӣ (донистани на кам аз ду забони хориҷӣ), бахусус, риоя намудани меъёрҳои забони ноби тоҷикӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки бояд ҳар кадоми мо ин ҷиҳатҳоро аз Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан ҳам ватандӯсту дорои ифтихори баланди ватандорист, омӯзем.    

Дар хотимаи мулоқот ба як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол, ки аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон холҳои баландтаринро соҳиб гарида буданд, сипосномаҳои Раёсати донишгоҳ ва ба кулли донишҷӯёни соли аввали таҳсил билети донишҷӯӣ тақдим карда шуданд.

 

Р.Масъуд, шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top