Семинари омӯзишӣ

Бинанда: 1482 | Санаи нашр: 13 Сентябр 2018

13-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори конфронсҳои ДДТТ семинариомӯзишӣ доир гардид, ки дар кори он Абдуғаффор Абдусатторов намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раҳмонова С.А.мутасаддии Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Усмонова У. - духтури силшинос, Ҳасанова Г. - духтури бемориҳои дил, Салимова М.- мутасаддӣ оид ба ВНМО, Мавҷудаи Ҷ.- духтури ғадудшинос, Ғарибмамадов Д. - духтури бемориҳои сироятӣ, Муминов Сиёвуш мутасаддӣ оид ба нашъамандии маркази шаҳрии саломатии №4-и шаҳри Душанбе ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштан.

Семинари омӯзиширо муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, дотсент Акрамов Ф.М. ифтитоҳ намуда меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, мақсади баргузории семинарро, ки омӯзиш, баланд бардоштани савияи дониш ва маълумотнокии донишҷӯён доир ба вируси норасоии масунияти одам ба ҳисоб меравад, баё намуд,

     Паҳншавии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), - гуфт ӯ, - дар байни хатарҳои глобалӣ, ки дар охирҳои асри ХХ пайдо гашт, яке аз ҷойҳои аввалро ишғол намуда, бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам (БПНМО)-ро ба вуҷуд меорад. Мувофиқи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаҳон зиёда аз 60 млн. нафар одамон аз ВНМО сироят ёфтаанд. Барои донистану маълумоти пурра гирифтан оид ба ин беморӣ, - суханашро давом дода гуфт Ф.Акромов.- семинари мазкур ташкил карда шудааст ва имрӯз мо мутахассисони ин соҳаро аз маркази ВНМО- ишаҳри. Душанбе даъват намудем.

Нахуст, – намояндаи маркази бемориҳои ВНМО- и шаҳри.Душанбе

Салимова М. суханронӣ намуда иброз дошт, ки ВНМО қариб дар тамоми мамлакатҳои дунё ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст. ВНМО дар Африқои Ҷанубӣ ва биёбони Сахара сар зада, маркази он аз Африқои Ҷанубӣ то уқёнуси Ҳинд ба ҳисоб меравад. Эпидемияи ин беморӣ охири солҳои 1970-ум ва аввалҳои солҳои 1980-ум оѓоз ёфтааст. Боиси таассуф аст, ки ин беморӣ дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ ба зудӣ паҳн мешавад. Мувофиқи маълумотҳои соли 2011 беш аз 60 млн. одамон аз ин беморӣ сироят ёфтаанд, ки ин миқдор 25 млн. нафар вафот карда, 35 млн. нафари дигар бо гирифтории ВНМО зиндагӣ карда истодаанд.

     Дар Федератсияи Россия, ки як қисм шаҳрвандни ҷумҳури мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, то 1 январи соли 2013-ум 719445 нафар сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудааст. 60%-и сироятёфтагони ВНМО ба минтақаҳои Иркутск, Саратов, Калининград, Оренбург, Самара,Свердловск, Санкт-Петербург рост меояд. Ба таври максималӣ паҳншавии ВНМО дар байни занони аз синни 20 то 35 сола ва мардони аз 25 то 40 сола мушоҳида мешавад. Бояд гуфт, ки 58% - и сироятёфтагон бо роҳи воридкунии дохили венагии маводи мухаддир тавассути сӯзандору, 40% бо алоқаи гетеросексуалӣ мубталои ин беморӣ гардидаанд.

      

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ бори аввал сироятёбӣ бо ВНМО соли 1991 ба қайд гирифта шуд. Соли 2015 беш аз 6668 нафар одамон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 4869- нафарро мардон ва 1799- нафарро занон ташкил медиҳанд. Сол то сол афзоиши шумораи сироятёфтагони ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чашм мерасад.

Аз ин рӯ, бояд ҳамагон донанд ва дарк намоянд, ки ВНМО бо мо ба асри ХХ1 ворид гашт. Барои паст намудани хавфи сироятёбӣ ва паҳннашавии беморӣ, сатҳи маълумотнокии одамонро баланд бардоштан лозим аст.

Сирояти ВНМО – ин сирояти музмини (хроникии) тамоми ҳаёт буда, ҳар яки моро водор месозад, ки ба ду мушкилии асосӣ диққати зарурӣ диҳем.

1.Ба паҳншавии ВНМО чӣ гуна муқобилият нишон додан.

2.Ба одамони аз ВНМО сироятёфта чӣ гуна муносибат кардан.

     Мутаассифона, то ба имрӯз ягон хел дорувориҳое, ки ВНМО – ро ба пуррагӣ табобат намояд, мавҷуд нест. Дар баробари ин, дорувориҳои зиддиретровирусӣ дар ҳолати мунтазам истеъмол намудан, солҳои тӯлонӣ метавонад инсонро аз бемориҳои пайдошудаи норасоии масунияти одам эмин дорад ва қобилияти кории онро нигоҳ дошта, сатњи сирояткуниро паст намояд.

   Бо туфайли тадқиқотҳои глобалии эпидемиологӣ муайян карда шудааст, ки вирус аз одам ба одам чӣ гуна мегузарад. Хушбахтона, роҳҳои гузариши он муайян карда шудаанд ва ин омилҳоро танзим кардан мумкин аст. Аз ин бар меояд, ки имконияти пешгирии паҳншавии беморӣ мавҷуд буда, он аз рафтори бошууронаи одам вобастагӣ дорад.

     Сипас, Усмонова Муҳаббат - духтури бемориҳои сил андешаҳояшро оид ба бемории сил иброз намуд. Мавсуф қайд кард, ки бемории сил ба пуррагӣ табобатшаванда мебошад. Агар бемории сил муайян гардад, шахс метавонад табобати зиддисилии саривақтиро бо доруҳои зиддисилӣ ба пурагӣ ва ба таври ройгон гирад. Бемории сил дар марҳилаҳои аввал ва шаклҳои сабук дарёфт мегардад. Ташхис ва табобати саривақтӣ кафолати шифоёбии пурраи шахс аз ин беморӣ мегардад.

     Оид ба пешгирии нашъамандӣ Сиёвуш Муминов– духтури маркази ТТҲС баромад карда қайд намуд, ки маводҳои нашъаовар маводҳое ҳастанд, ки ҳолати равонии инсонро тағйир медиҳанд ва истифодаашон шахсро ба ҳолати вобастагӣ меорад. Истифодаи маводи нашъадор шахсро аз озодӣ маҳрум месозад. Нашъаманд шудан осон, вале халосӣ аз он бениҳоят душвор аст. Дар айни замон барои аз вобастагии нашъамандӣ ба пурагӣ раҳоӣ ёфтан ягон ҳабби «сеҳрнок» ёфт нашудааст. Шахсе, ки маводи нашъадорро истифода мебарад, хоҳу нохоҳ даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят мезанад.

Баъди суханрониҳо филм дар бораи нашъамандӣ намоиш дода шуд.        

   Дар хотимаи семинар иштироккунандагон ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top