Рушди фарҳанги зебоипарастӣ

Бинанда: 1842 | Санаи нашр: 14 Сентябр 2018

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар баробари таълиму тадрис ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ аҳамияту таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Бо ибтикор ва саъю эҳтимоми роҳбарияти донишгоҳ ва хидматгузории бедареғи коркунони хоҷагӣ дар ҳудуди донишгоҳ дарахту ниҳолҳои сабзу хуррам ва гулҳои зебои рангоранг намою манзараи зебою дилписандеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҳамаи ин ҳиссу маърифати зебоишиносию зебоипарастӣ ва завқи эстетикиро дар ниҳоди омӯзгорону донишҷӯён парвариш менамояд ва ба камол мерасонад.

Бинобар ин, ҳар яки мо бояд ба қадри ин ранҷу меҳнат ва хуррамию ободкорӣ бирасем ва дар корҳои ободонию созандагии донишгоҳи азизи худ саҳми шоиста гузорем, то ин боргоҳи илму маърифат ҳамеша зебою хуррам, оростаю пероста ва боғистону гулистони маҳбуби омӯзгору донишҷӯ гардад.

Роҳбарияти донишгоҳ пайваста кӯшиш менамояд, ки дар ҳудуди он барои омӯзгорону донишҷӯён фазою муҳити мусоиди таълимию илмӣ ва фарҳангию фароғатиро ба вуҷуд оварад, то омӯзгорон ба таълиму тадрис ва донишҷӯён ба омӯхтани илму корҳои эҷодӣ бештар машғул гарданд ва бад-ин восита сатҳу сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ баланд шавад.

Бо ин гуна амалҳои неку созанда мо метавонем, ки мақому нуфуз ва имиҷи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ боло бардорем. 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top