Ҳадиси озодию истиқлолият

Бинанда: 1669 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2018

6-уми сентябри соли 2018 дар толори асосии донишгоҳ ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мулоқоти ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н, меҳмонони гиромиқадр-намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳими Зулфониён ва муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар Розиқов Дилошӯб бо омӯзгорону донишчӯёни ДДТТ доир гардид.

Дар ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. кулли устодону донишҷӯёни донишгоҳро ба ҷашни бузургу фархундаи давлатию миллӣ - 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд ва перомуни истиқлолияту озодӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ, рушди илму маориф дар замони истиқлолият ва омӯзишу парвариши мутахассисони арзандаи миллатдӯсту меҳанпараст изҳори андеша карданд ва пас аз он, риштаи суханро ба намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳот муҳтарам Раҳими Зулфониён вогузор карданд. Мавсуф доир ба истиқлолияти давлатию забони миллӣ, мавқею мартабаи забони тоҷикию гиромидошти он ва рисолаи бузурги забони миллӣ дар марҳалаи кунуни рушди давлату ҷомеа суханронӣ намуд. Дилошӯб Розиқов ба ҳайси муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар бораи ҷавонони даврони истиқлолият ва саҳми шоистаи ин қишри ҷомеа дар рушду инкишофи давлати миллӣ баёни афкор кард. Сипас, дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ устод Хуморов Д. дар мавзӯи “Истиқлолият масъулятро талаб менамояд” оид ба истиқлолияту давлати миллӣ, ҳувияту худогоҳии миллат ва рушди илму маорифи тоҷик дар даврони истиқлолият суханронии бомазмуну пурмуҳтавое кард.

Донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 240103 Каримова Дилшода аҳли нишастро ба ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи меҳру муҳаббати бепоён ба ин марзу буми ниёгон табрику таҳният гуфтанд.

Дар қисми дуюми намоиш композитсияи бадеӣ дар иҷрои хонандагони литсейи назди ДДТТ иҷро гардид.

Омӯзгори ҷавон Абдураҳмони Ҳакимзод ва гурӯҳи донишҷӯёни фаъол Файзов Зафар, Саидов Бахтиёр, Давлатов Олим, Сорбони Файзулло ва Тошев Ҷамшед бо сурудҳои хушоҳангу баландмазмуни худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Дар анҷоми ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ба меҳмонони гиромии имрӯза барои иштироку суханронии муассиру омӯзанда изҳори сипос намуд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top