«Соли нави таҳсил барои устодону кормандони ДДТТ бояд соли дигаргуниҳои ҷиддӣ гардад»

Бинанда: 1566 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2018

30-юми августи соли 2018 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси васеи ҳайати устодону кормандони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович оид ба ҷамъбасти фаъолияти донишгоҳ дар соли таҳсили 2017-2018 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2018-2019 маълумоти муфассал дод.

Ҳамидуллохон Нуриддинович нахуст аҳли толорро бо соли нави таҳсил ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз дошт, ки мақсади асосии Раёсати донишгоҳ дар соли нави таҳсил боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия, афзун гардонидани дастовардҳои илмию фарҳангии коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, мустаҳкамтар намудани фазои солими илмию фарҳангие, ки айни замон вуҷуд дорад, хуллас, сарҷамъона баҳри иҷрои вазифаҳои дар наздамон гузошташуда ба харҷ додани донишу маҳорат ва малакаи касбиамон мебошад. Барои татбиқи амалии ин нақшаҳо,- гуфт ӯ,- ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷойи кории худ масъулияти бештар ҳис карда, вазифаҳои хидматии худро софдилона ба ҷо орем ва ба ин васила дар афзун намудани дастовардҳои донишгоҳ саҳмгузор бошем. Донишгоҳ дар соли таҳсили сипаригардида ба як қатор дастовардҳо ноил гардида бошад ҳам, ректори донишгоҳ зимни суханронӣ диққати аҳли толорро бештар ба масъалаҳои ҳалталаб ва камбудиҳои ҷойдошта ҷалб намуд ва баҳри рафъи онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Ҳамидуллохон Нуриддинович беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, рушди соҳаи илм ва пешбурди корҳои илмӣ - тадқиқотиро пеш аз ҳама, дар муҳайё намудани шароитҳои мусоид арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ соли гузашта 80 адад тахтаҳои электронӣ,180 адад компютерҳои ҳозиразамон ва 25 адад ноутбук харидорӣ намуд, ки алҳол мавриди истифода қарор доранд. Таҷдиди бинои асосии донишгоҳ, дар сатҳи зарурӣ ба соли нави таҳсил омода кардани синфхонаю озмоишгоҳҳои таълимӣ, хубтар ба роҳ мондани фаъолияти парки технологӣ ва як қатор корҳои дигари дар сатҳи баланд ба ҷо овардашуда имкон медиҳанд, ки сифати таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир беҳтар ба роҳ монда шавад. Имсол низ,- гуфтӯ,- Раёсати донишгоҳ бо мақсади қадр намудани ташаббусҳои наҷибе, ки аз ҷониби устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ роҳандозӣ мешаванд, диққати махсус дода ҳавасмандгардониро дар маддӣ аввал мегузорад. Дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани риояи интизоми меҳнат, бо сифати баланд ва дар вақти муайянгардида анҷом додани корҳои хатми донишҷӯён, иҷрои саривақтии сарбориҳои устодон, тарзу мазмуни нав пайдо кардани корҳои кураторӣ, риояи ҳатмии сару либоси тавсиявӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, шинонидани гулу гулбуттаҳо ва ба ин васила дар ниҳоди донишҷӯён парваридани ҳисси зебоӣ ва зебоипарастӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар суханронии ректори донишгоҳ таъкид гардиданд. Яъне ба андешаиӯ соли нави таҳсил барои устодону кормандони донишгоҳ бояд соли дигаргуниҳои ҷиддӣ гардад. Мафҳуми ватандӯстӣ бояд на дар сухан, балки воқеан ҳам дар кору бор ва фаъолияти ҳаррӯзаи ҳар яки мо инъикоси худро ёбад. Ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, муносибати самимона ва хизмати содиқона ба халқу Ватанро аз Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд омӯхт, таъкид намуд дар фароварди суханаш ректори донишгоҳҲамидуллохон Нуриддинович. Дар хотимаи ҷамъомад ба устодони донишгоҳ Фариза Қурбонова, Некрӯз Қудратов шаҳодатномаҳои дотсентӣ ва ба Ғайрат Раҳимов тасдиқномаи аз Ҷумҳурии Қирғизистон воридгардида дар хусуси соҳиб гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ супорида шуданд.

 

 

 

Ш. Раҷабалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top