Ваҳдати миллӣ-ормону орзуҳои деринаи миллати тоҷик

Бинанда: 1612 | Санаи нашр: 28 Июн 2018

Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бисту як сол мешавад.

Ба саъйу кӯшишҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохили ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида,  барои аз сари нав бунёд намудани соҳаҳои ҳоҷагии халқ ва рушди онҳо оғоз намудем.

Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 1992-юм дар кишвари азизамон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуда гузашт, ки дар он нисфи мардум аз ин сабаб Ватани азизи худро тарк намуда, ба хоки Афғонистону дигар кишварҳо гуреза шуданд.

Дар ҳамон вазъияти басо сангин дар Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992, Асосгузори сулҳи ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо райъи вакилон интихоб гардид ва бо қатъият ба халқи тоҷик чунин изҳор карда буд: «То даме,  ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гуна кӯмаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад ва то охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам худро орому осуда ҳис карда наметавонам ва тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон  садоқатмандона меҳнат мекунам».

Тарих гувоҳ аст, ки он чизе ки Пешвои миллат бар мардуми гуреза иброз намуданд амалӣ гардида, барои баргардонидани гурезаҳо аз хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Пешвои миллат ҷони худро дареғ надошта, гурезаҳоро бовар мекунонд, ки ба ватан баргарданд ватан ободу зебо гардида истодааст ва кафолати зинда мондани ҳар яки онҳоро Пешвои миллат ба души хеш мегирифтанд.

Соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст Конститутсияи кишвар ба тариқи раъйпурси қабул гардид, ки дар он Пешвои миллат бори аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Маҳз бо талошҳои  бевоситаи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокирот ва гуфтушуниди байни тоҷикон шуруъ шуд. Чандин маротиба гуфтушунидҳо байни намояндагони давлат ва мухолифони тоҷик, дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод ва Алмаато баргузор шуданд, ки дар охир 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори Сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат боис шуд, ки нофаҳмиҳо дар кишварамон хомуш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шавад.

Чи хеле ки шоир қайд карданд:

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Шарифзода Зебогули Ҳоким,
донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 240103-и
факултети муносибатҳои иқтисодии
байналмилалӣ ва ҳуқуқ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top