Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ

Бинанда: 1550 | Санаи нашр: 20 Июн 2018

ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОНИ МУОСИР: МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ИННОВАТСИОНӢ - чунин буд мавзӯи конфронси 6-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки рӯзҳои 20-ум ва 21-уми июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  баргузор гардид.

Конфронс бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович оғоз ёфт. Ректори донишгоҳ нахуст кулли иштирокчиёни конфронсро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки дар остонаи он қарор дорем, шодбош гуфта, ба кори конфронс барору комёбиҳо орзу намуд.

Сипас, ҷаласаи ифтитоҳии конфронс шурӯъ гардид, ки дар он доктори илмҳои иқтисод, профессор Кожахмедов Аслбек Базарбаевич  - Президенти AlmaU – Донишгоҳи соҳибкории сатҳи байналмилалӣ, ки нахустин донишгоҳи хусусӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон маҳсуб меёбад, аз хусуси таҷрибаи пешқадами ин донишгоҳ, ки дар байни макотиби олии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешрафтатарин донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мақсаду мароми имрӯзаи роҳбарияти донишгоҳ дар раддаи донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупо қарор гирифтан аст, суханронӣ кард. Баъдан сардори раёсати илми донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фарҳод Шаропов дар мавзӯи «Тамоюли муосири рушди бозори ҷаҳонии савдои чакана» ва докторанти PhD Садафмо Ҳамидова дар мавзӯи «Мукаммалгардонии сохтори андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозии вазнинии андозӣ» маърӯзаҳои ҷолибу пурмазмун намуданд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз ва рӯзи 21-уми июн конфронс корашро дар бахшҳои зерин: «Иқтисодиёти инноватсионӣ: барҷосозӣ, мушкилот ва дурнамои рушд» (29 маърӯза), «Масъалаҳои иқтисодии меҳнат, муҳоҷират ва идоракунии захираҳои меҳнат» (26 маърӯза), «Рушди соҳаи хизматрасонӣ ва соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ» (42 маърӯза), «Рушди соҳаи таҳсилот, татбиқи технология ва усулҳои нави таълим» (19 маърӯза) мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд.

Қайд гардид, ки доир намудани чунин конфронсҳо ба боз ҳам беҳтар гардидани рушди иқтисодиёти кишварҳо, пешрафти соҳаи маориф ва табодули таҷрибаи пешқадами мамолики хориҷи дуру наздик мусоидати бештар хоҳад кард.

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top