Баррасии масоили доғи рӯз

Бинанда: 2016 | Санаи нашр: 22 Май 2018

22-юми майи соли 2018 дар толори асосии донишгоҳ мулоқоти намояндаи масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо каррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарализода Икром бо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни ДДТТ баргузор гардид.

Дар оғози суханронӣ муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ – методӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Толибов Қ.Қ. меҳмони имрӯзаро ба аҳли нишаст шинос кард, ташрифи онро неку судманд донист ва идомаи суханро ба Назарализода Икром вогузошт.

Назарализода Икром зимни суханронӣ ба роҳбарони донишгоҳ барои сомон додани чунин як ҳамоиши зарурию даъват намудани корманди ниҳоди мазкур изҳори сипос кард ва дар бораи мавзӯи муҳими глобалии муқовимат бар зидди коррупсия, мавҳуми он, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, вазифаҳои сохторҳои давлатӣ ҳангоми мубориза бар зидди коррупсия, нишондиҳандаҳо, навъҳою амалияҳои коррупсионӣ дар соли 2017 изҳори андеша кард. Мавсуф зикр намуд, ки барои мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ ва ошкор намудани чунин хавфҳо  дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, дар ДДТТ гурӯҳҳои корӣ ташкил гардидааст ва фаъолият мекнад.

Ҳамчунин, Назарализода Икром дар поёни суханронии худ ба суолҳои аҳли нишаст посух дод.

Сипас, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. ба меҳмони гиромӣ барои суханронии баландмазмуну пурмуҳтаво арзи сипосу миннатдории худ ва аҳли ҷомеаи донишгоҳро баён карданд ва оид муҳимию мубрамии мубориза ба зидди коррупсия дар ҷаҳони муосир, мафҳуми он, мубориза бар зидди ин падида дар макотиби олии кишвар ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин, устод Фақеров Ҳ.Н. дар бораи таълиму тадрис, донишу малака, рафтору гуфтор, одобу ахлоқи донишҷӯён ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат андешаронӣ карданд, аҳли толоро ба фарорасии Рӯзи ҷавонон шодбош гуфтанд ва ба онҳо тандурустию умри дароз, хониши аъло муваффақият орзу намуданд.

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top