Мулоқоти муҳиму зарурӣ

Бинанда: 1529 | Санаи нашр: 16 Май 2018

16-уми майи соли 2018 дар донишгоҳ вобаста ба нақша – чорабиниҳои ҳафтаи тоҷири ҷавон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23-юми май” мулоқоти муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Акрамов Ф.М. ва сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ибрагимов Баширхон бо омӯзгорону   донишҷӯёни ДДТТ доир гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ Акрамов Ф.М. дар муқаддимаи суханронӣ аз ташрифи меҳмонони гиромӣ ва ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо оид ба доир кардани мулоқоти мазкур муҳиму зарурӣ хонд.

Меҳмонон ҳангоми суханронии худ дар бораи ҳолатҳои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, қонуншиканиҳо ва баъзан содир кардани ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонон бо намоиш додани навори видеоӣ баёни афкор карда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманду зарурии ниҳодҳои дахлдорро бо масъулини макотиби олӣ оид ба пешгирии омилҳои рух додани қонуншиканӣ дар байни донишҷӯён ва тарғибу тарвиҷи корҳои фаҳмондадиҳию таҳкими низому тартиботро дар ин самт ногузир шумориданд. Ҳамчунин, сардори Раёсати мазкур Ибрагимов Б. гуфт, ки чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимии пойтахт низ бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва воридшавии ҷавонон ба ҳизбу ниҳодҳои террористиву экстремистӣ баргузор мешаванд. Дар наворҳои видеоӣ ба таври муфассал ва бо далелҳои шайъӣ дар бораи содир гардидани ҷиноятҳои вазнин аз тарафи гуруҳҳои ҷинояткор, қонуншиканиҳои баъзе донишҷӯёни макотиби олӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пайомадбари фалокатҳои он изҳори андеша карда шуд.

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top