Замина ба оғози ихтисоси нав

Бинанда: 2144 | Санаи нашр: 30 Май 2018

Бо ибтикори садорати факултети молия ва фаъолияти бонкии донишгоҳ 30-юми майи соли равон дар толори Шӯрои диссертатсионӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани стандарти таълимии бехатарии иқтисодӣ” бо иштироки директори департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Файзуллозода Файзулло, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамкории байналмилалии департаменти мазкур Мирзошариф Шарифов ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Мизи мудавварро ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, мавзӯи мизи мудавварро, бахусус дар ҷаҳони муосир хеле ҳассос ва муҳим дониста, мубориза бо онро кори дастаҷамъонаи тамоми кишварҳо маънидод намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки терроризму экстремизм, бахусус ифротгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалҳои зишту номатлуб, ки боиси марги ҳазорон нафар ашхоси бегуноҳ гардида истодаанд, сарчашмаҳои маблағгузорӣ дошта, аз ҷониби ашхос ва гурӯҳҳои махсус маблағгузорӣ мешаванд.

Мизи мудаввари имрӯза, ки ҳадафи асосиаш мубориза бо терроризму экстремизм, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошад, - суханашро давом дода гуфт ӯ,- дар бобати тайёр кардани мутахассисони ихтисоси нав, яъне ошкоркунандагони ҷиноятҳои зикргардида нақши муҳим хоҳад бозид.

Аллакай,- гуфт ӯ,- дар ин самт қадамҳои нахуст гузошта шуданд. Фаъолияти пурсамари кормандони департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, ташкили курсҳои омӯзишӣ, гузаронидани вохӯрию мизҳои мудаввар далели ин гуфтаҳоянд.

Дар Федератсияи Россия аз курси омӯзишӣ гузаштани 20 - нафар намояндагони Тоҷикистон, ки дар қатори онҳо устодони донишгоҳ Басгул Исупова ва Абдукарим Қурбонов низ курси мазкурро хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд ва боз чандин чорабиниҳои судманди марбут ба тайёр кардани мутахассисони ошкор намудани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ ва муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда заминаҳои воқеӣ хоҳад гузошт.

Дар суханронии Файзуллозода Файзулло ва презентатсияи Мирзошариф Шарифов, ки мазмуну муҳтавои хеле баланд доштанд, аз хусуси дар сафи пеши мубориза бо терроризму экстремизм қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт, фаъолияти босамари департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, бахусус дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, бехатарии иқтисодӣ, тайёр намудани мутахассисони ошкор намудани ҷиноятҳои террористию экстремистӣ, таҳия намудани стандарти давлатии таълимӣ ибрози ақида ва изҳори умед карда шуд, ки бо гузашти начандон вақти тӯлонӣ дар макотиби олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки пешоҳанги низоми кредитии таҳсилот маҳсуб меёбад, ихтисоси нав – тайёр намудани мутахассисони ошкоркунандаи ҷиноятҳои террористию экстремистӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ба ҷомеа хатарнок дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

Декани факултети молия ва фаъолияти бонкӣ, н.и.и., дотсент Абдукарим Қурбонов ва мудири шуъбаи робита бо ҷомеа,  доктори илми иқтисод (PHD), и.в. дотсент Басгул Исупова роҷеъ ба мавзӯи зикргардида баромад карда, бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт дар баробари баён кардани фикру андеша пешниҳодоти судманд намуданд, ки мақбули намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон гардиданд.


Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top