Телемост: «Россия-Тоҷикистон-Қазоқистон-Қирғизистон: ташкил кардани шароити мусоид барои омӯзандагон. Проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо»

Бинанда: 1683 | Санаи нашр: 19 Май 2018

19-уми майи соли 2018 дар доираи Форуми III донишҷӯии кишварҳои Созмони ҳамкорихои Шанхай телемости «Россия-Тоҷикистон-Қазоқистон-Қирғизистон: ташкил кардани шароити мусоид барои омӯзандагон. Проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор шуд, ки созмондиҳандаи он Донишгоҳи давлатии кооператсияи матлуботи Сибир маҳсуб меёфт.

Мақсади телемост: муҳокимаи лоиҳаҳои ҷавонон ва проблемаҳои доғи рӯз дар мавзӯи «Муҳити мусоиди донишҷӯӣ – шарт барои рушди ҷавонон».

Иштирокчиёни телемост донишҷӯён, намояндагони ректорат, роҳбарони марказҳои рушди донишҷӯӣ, шуъбаҳои байналмилалӣ, марказҳои ташаббуснокии донишҷӯӣ ва корҳои тарбиявии макотиби олии Федератсияи Россия ва Осиёи Марказӣ гардиданд.

Дар ДДТТ чорабинии мазкур бо мусоидати шуъбаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва кор бо ҷавонон созмон ёфта буд.

Сухани шодбоширо аз номи ректори донишгоҳ сардори шуъбаи робита бо ҷомеа Исупова Б.Ф. изҳор намуд. Сипас, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси иқтисод ва идоракунӣ дар корхона Шарифова Меҳрангез бо маърӯза дар мавзӯи «Ташаккулёбии муҳиту таҳсилоти инноватсионӣ дар ДДТТ» суханронӣ кард.

Майдони мазкур ба иштирокчиёни телемост имконият дод, ки оид ба таҷрибаи худ дар ташкили муҳити самараноки таҳсилотӣ барои омӯзандагони табодули афкор кунанд. Муҳокимаи масоили мубрам ба воситаи телемост дар оянда ба густариши таҷрибаҳои таҳсилотӣ ва ташкили муҳити мусоиди донишҷӯӣ кумак менамояд, ки ба таҳкиму рушди ҳамкориҳои таҳсилотӣ, илмӣ ва байналмилалии донишгоҳҳои ҳамкор оварда мерасонад.

Дар анҷоми телемост иштирокчиён ва тими озмоишгарон якдилона қарори Форуми III донишҷӯии кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхайро тасдиқ карданд.

Ба номи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии кооператсияи матлуботи Сибир барои сатҳи баланди ташкилӣ ва гузаронидани телемост номаи миннатдорию сипосгузорӣ ворид шуд.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top