Ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус

Бинанда: 1918 | Санаи нашр: 14 Май 2018

14-уми майи соли 2018 дар донишгоҳ мулоқоти ректор, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н., муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа Қодирова З.Ҳ. бо намояндагони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус – Роговтсов Д.А., декани факултети иқтисод ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Могилёви ба номи А. Кулешов, Волинетс Т.С., сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи савдою иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус, Скриба Н.Н., декан оид ба корҳо бо донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Белорус, Романов О.А., муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии Гроднои ба номи Янка Купала., Тоиров М., магистри ҳамин донишгоҳ ва Янковский И.А., декани факултети фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Полеся доир гардид. Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо хоҳишу ҳавасмандии афзуни худро оид ба густаришу таъмини ҳамкориҳои муҳиму судманди илмию фарҳангӣ дар заминаи муносибатҳои неку дӯстонаи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус изҳор карданд.

  

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top