Мулоқот бо кормандони Агентии Тоҷикстандарт

Бинанда: 1987 | Санаи нашр: 17 Май 2018

17-уми майи соли 2018 дар донишгоҳ вобаста ба нақша – чорабиниҳои Агентии Стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқоти муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ – методӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Толибов Қобилҷон Қосимович ва намояндагони масъули агентии мазкур – Сафарзода Мансур, сардори назорати пахта, Абдураҳмонова Насиба, мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи молҳои мавриди ниёзи мардум, Раҳимов Диловар, мутахассиси шуъбаи нозироти савдо, Давлатов Ғайратшоҳ, мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар маҷмааи агросаноатӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ дар мавзӯи “Истеъмолкунанда ва ҳуқуқҳои ӯ” доир гардид.

Дар ибтидои мулоқот муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, Толибов Қ.Қ. зимни суханронии муққадимӣ бо арзи эҳтирому истиқболи самимона  аз ҳузури меҳмонони гиромӣ дар бораи Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда, андар шинохт ва ҳимояи ҳуқуқи инсон, узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва рақобат пазирии молу маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ изҳори андеша кард ва суханро ба намояндагони масъули Агентии Тоҷикстандарт вогузор намуд.

Кормандони Агентии Тоҷикстандарт Сафарзода М. ва дигарон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда, ба талаботу меъёрҳо ҷавобгӯю мутобиқ гардонидани молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони кишвар, бо маҳсулоти рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ баромадан, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ, Шӯрои машваратӣ – ҷамъиятӣ оид ба стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунанда, нигоҳдории тандуруситию эминии инсон ва истеъмолкунанда дар ҳамоҳангии бо муҳити зист суханронӣ карданд.

Дар анҷоми ҳамоиш кормандони Агентии Тоҷикстандарт ба суолҳои зарурии аҳли нишаст посухҳои амиқ ироа карданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top