Солимии ҷомеа – солимии миллат

Бинанда: 1941 | Санаи нашр: 16 Май 2018

16-уми майи соли 2018 дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҳафтаи тоҷири ҷавон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23-юми май” дар ДДТТ вохӯрии намояндаи муассисаи Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам – ВНМО Саймуддинов Тӯрашо бо донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҳомидов Абдуалим ифтитоҳ кард ва риштаи суханро ба мутахассиси варзидаи соҳаи мазкур Саймуддинов Т. вогузор намуд. Мавсуф оид ба паҳншавии бемории сироятии ВНМО дар байни ҷавонон маълумотҳои оморӣ пешниҳод карданд ва роҳҳои пешгирии ин бемориро ба донишҷӯён фаҳмониданд.

Дар анҷоми мулоқот меҳмони гиромӣ Саймуддинов Т. ба пурсишҳои аҳли нишаст посухҳои аниқу мушаххас дод.

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҷавонон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top