Иқдоми муҳиму арзанда

Бинанда: 1907 | Санаи нашр: 11 Май 2018

11-уми майи соли 2018 бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори садорат дар факултети тиҷорат ва гумрук чорабинии муҳм оид ба намоиши анвои таоми миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ДДТТ бо сарварии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ.Н. иштирок намуданд.

Дар ин чорабинӣ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо ширкати духтарони ҳунарманду фаъол гузаронида шу два чевардухтарони гулдасти факултет либосҳою осори миллии дӯхтаи худро ба намоиш гузоштанд.

Чунин иқдоми муҳиму арзандаи роҳбарияти ДДТТ ва садорати факултети тиҷорат ва гумрук дар партави ибтикори созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли равон мебошад.

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top