Довари асосӣ халқ аст!

Бинанда: 1787 | Санаи нашр: 10 Май 2018

Мо мақолаи дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршудаи ба ном рӯзноманигори «озодандеш» Темур Варқиро бо номи «Барои ҲНИТ додгоҳи байналмилалӣ барпо кунед»-ро маҳкум намуда, чунин мешуморем, ки дар мақолаи худ шаъну шарафи Пешвои миллатро паст зада, андешаҳои беасоси худро пешниҳод намудааст.

Ин «озодандеш» Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳомӣ ва кафили Конститутсия аст барои надонистани қонуни асосӣ айбдор месозад, ки берун аз ақлу мантиқ мебошад. Бо таҳқир намудани Пешвои миллат чунин «озодандешон» мехоҳанд, ки дар назди хоҷагони маблағгузори худ мисли саги гурусна дум ҷунбонида, соҳиби устухоне гарданд. Чунин усули корро мо дар таҷрибаи кишварҳои дигари дунё дидаем ва шоҳид гаштаем, ки чунин амалҳо ба кадом натиҷаҳои номатлуб оварда мерасонанд.

Инчунин ӯ даъво дорад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «далелу мадракҳоро барои ҷаҳониён нишон бидиҳад ва ба як додгоҳи байналмилалӣ барои ҳизби наҳзат баргузор намояд».

Маълум аст, ки он додгоҳи байналмилалие, ки Варқӣ дар назар дорад, «фармоиш»-и киро иҷро менамояду чӣ ҳадафу мақсад дорад.  Дар ин робита бояд қайд намоем, ки ягона доваре, ки метавонад ба кирдорҳои намояндагони ин ҳизби террористӣ, ки зери ниқоби дини мубини ислом фаъолият мекунад, баҳои дурусту мувофиқ ва одилона диҳад, танҳо халқи ободкору ватандӯсти тоҷик аст.

Далелу мадракҳои террористӣ будани ин ҳизб барои ҳамагон маълум аст ва халқи тоҷик ӯҳдадор нест, ки назди касе онро пешниҳод намояд.

Дар охир боз як нуқтаро қайд карданием, ки ин «шоир» ва «рӯзноманигор»-и тоҷик дар мақолаи худ бо истифодаи миқдори зиёди калимаҳои иқтибосӣ, ки забони тоҷикиро олуда мегардонанд, дар мақолаи худ бори дигар собит месозад, ки хоҷа ва маблағгузори ӯ кист. Ва ё ӯ дар назди хоҷагонаш барои навиштани чунин мақола ба гуфтаи худаш «таҳлиф» (қасамёдкунӣ) карда бошад?

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top