Муқовимат бар зидди терроиризму ифротгароӣ

Бинанда: 1751 | Санаи нашр: 10 Май 2018

Ҷаҳони имрӯза дар замони равандҳои босуръати глобалӣ ва таҳдиду чолишҳои бузургу бесобиқа дар доираи таҳаввулоту тағйироти гуногуни амиқу пуртаҳлуқа қарор дорад, ки ин амал аз оғози асри навин бо муноқишаю зиддиятӣои гуногуни сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои дорои равиши динию мазҳабӣ ва инқилобу ошӯбҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайяну мушаххас мегардад. Дар ин сабқату набардҳои геосиёсию судҷӯёна абардавлатҳои мухталифи ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, сарватҳои табиӣ ва неъматҳои моддӣ ишироки фаъолона доранд ва илму технологияҳои муосир, иқтисодиёту фарҳанг, техникаву иттилоот ва динро омилу воситаи тарғибу ташвиқи манфиатҳои сиёсии худ менамоянд. Ин амалҳою равандҳои мураккабу ташвишовар низому тартиботи муайяни умумиҷаҳониро ноустувор, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро коста ва арзишҳои муҳими бунёдию меҳварии маънавию ахлоқиро тағйир медиҳад.

Дар чунин замони бисёр ҳам ҳассосу ноором дар ҷаҳон таҳдиду чолишҳои терроризму ифротгароӣ ва тундравӣ ба сулҳу осоиш ва амнияту суботи давлатҳои гуногуни сайёра таъсири манфию ҳалокатовари худро расонида истодааст.

Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти мураккаби кунунӣ таҳдиду хатари амалҳои террористиву ифротгароиро барои ҷомеаи башарӣ эҳсосу дарк намуда, бар зидди ин зуҳуроти номатлубу вайронкор муборизаи шадиду пурзӯр ва оштинопазир мебарад, чунки террористу ифротагаро меҳану миллат ва дину мазҳаб надорад.

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба маркази амалҳои вайронкоронаи ниҳодҳои террористиву ифротгароии байналмилалӣ мубаддал гардида буд ва онҳо бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ, фишороварию куштор ва таҳмили фарҳангу маънавияти бегона манфиатҳою ғаразҳои нопоки сиёсии худро амалӣ кардан мехостанд. Дар чунин вазъияти ниҳоят печидаву сарнавиштсоз, ки ҳаёту мамоти давлату миллати тоҷикон ҳаллу фасл мегадид, хиради азалӣ, ҳусни тафоҳум, фарҳангу маънавияти олии миллати фарзонаю бостонии тоҷик ва зуҳури шахсияти барҷастаю фидокор ба сифати роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати ҷавону тозаистиқлоли тоҷиконро аз парокандагию нобудӣ раҳоӣ бахшид.

Дар Ҷуҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бо терроризим ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 пазируфта шудааст ва кишвари мо дар доираи ин стратегия ва дигар ташаббусҳои муҳиму созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар сафи пеши арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва таҳдиду чолишҳои замони муосир меистад.

Дар замони муосир созмону ниҳодҳои гуногуни террористиву ифротгаро бо истифодаи омилҳои ёрирасони сиёсӣ, молиявӣ, низомӣ ва технологияҳои навтарини иттилоотӣ, бавежа, интернет корҳои ташвиқу тарғиботии экстремистӣ мебаранд, ҷавонони бемаърифату камсаводро ба сафи худ мепазиранд ва амалҳои вайронкоронаи террористии худро дар минтақаҳои гуногуни олам тарҳрезию ба иҷро мерасонанд.

Бинобар ин, вазъияту воқеияти мураккабу душвори замони муосир давлатҳои гуногуни ҷаҳонро водор мекунад, ки дар мубориза ва муқовимат бар зидди терроризму ифротгароӣ дар ҳамбастагию шарикӣ барои таъмини амнияту суботи густурдаю устувор иқдомҳою ташаббусҳои муҳиму муассирро амалӣ гардонанд, ва дар замони равандҳои бузурги глобалӣ, таҳаввулоту таҳйироти босуръати ҷаҳонишавию рушди илму фановарӣ ба арзишҳои бунёдию меҳварии маънавияту маърифат ва диннию мазҳабӣ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намоянд, ба он арзу эҳтиром гузоранд ва дар заминаи ин амалҳои муҳиму созанда инсоният ва ҷаҳони мутамаддунро аз ин нерӯи аҳриманӣ ва падидаи нангину номатлуб озоду раҳо гардонанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top