Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш нашудааст!

Бинанда: 1913 | Санаи нашр: 12 Май 2018

Ҷамъомади тантанавие, ки санаи 7-уми майи соли 2018 дар донишгоҳ баргузор гардид, ба ҷашни 73-юмин солгарди Ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизми Олмон бахшида шуда буд.

Ҷамъомад аз ду қисм – расмӣ ва фарҳангӣ иборат буда, қисми расмии он бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ.Н. оғоз ёфт. Ҳамидуллохон Нуриддинович нахуст аҳли толорро бо ин санаи таърихӣ муборакбод гуфта, аз хусуси шуҷоату корнамоиҳои мардуми шӯравӣ дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнати фидокоронаи мардум дар ақибгоҳ суханронӣ карда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Нишон, Парчам, Суруди миллӣ даъват намуд ва изҳори умед кард, ки ҷавонон, ки созандагони имрӯзу фардои кишвар маҳсуб меёбанд, анъанаҳои неки гузаштаро идома дода, бо хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, ташаббусҳои бунёдкоронаю созанда ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар рушду нумуъ ва ободию шукуфоии кишвари азизамон нақши муҳим мегузоранд.

Сипас меҳмони чорабинӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Шодмон Нарзиқулови 92 сола ба аҳли толор аз ҳаёту корнамоиҳои ҷангии мардуми Шӯравӣ, бахусус, фиристодагони Тоҷикистон, ки дар таъмини ғалаба бар фашизм нақши муҳим бозиданд, суханронӣ намуд.

Баъдан муаллими калони кафедраи ҷамъиятшиносӣ Фирӯза Сангова дар мавзӯи “Саҳми халқи тоҷик дар таъмини ғалаба бар фашизм” ва донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250108т Умед Ҷомаҳмадов бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карда, аз шуҷоату корнамоиҳои ҷангии сарбозону афсарони собиқ мардуми шӯравӣ ёдовар шуданд.

Дар хотимаи қисми расмии чорабинӣ ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватани Шодмон Нарзиқулов ва чанде аз ҷанговарони интернатсионалисту бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи Чернобил туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Инчунин ба устодони донишгоҳ Басгул Исупова, Абдукарим Қурбонов, Сияршоҳ Раҳматов барои иштирок дар силсилаи бозомӯзиҳои барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сертификат, инчунин ба донишҷӯёне, ки ба даҳгонаи донишҷӯёни беҳтарини донишгоҳ шомил гардидаанд, ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Қисми фарҳангии чорабинӣ, ки суруду таронаҳои ба васфи Ватан, сулҳ, дӯстӣ, ҷавониро дар бар мегирифт, ба чорабинӣ ҳусну таровати тоза бахшида, дилҳои иштирокчиёнро шоду фараҳафзо гардонид.


Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top