Роҳнамои фардои дурахшони зиндагӣ

Бинанда: 1944 | Санаи нашр: 08 Май 2018

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои соли 2018 муайян карда шуд, роҳнамоест барои имрӯзу фардои дурахшони зиндагӣ. Пешвои муаззами миллат вобаста ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ба таври муфассал андешаҳояшонро баён дошта, зикр намуданд, ки новобаста ба мушкилотҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ қарор дошта, барои расидан ба мақсадҳои стратегии худ ва таъмин намудани зиндагии шоиста барои аҳолии мамлакат ҷидду ҷаҳд намуда истодааст.

Вобаста ба баланд бардоштани нақшу мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, дар нақша аст, ки дар ҳамкорӣ бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароӣ баргузор карда шавад. Инчунин татбиқи амалии ташаббусҳои доимии Роҳбари давлати Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об ва даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" дар Рӯзи ҷаҳонии об - 22-юми март расман оғоз карда мешавад.

Аз ҷониби Сарвари давлат нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат низ таҳлили амиқи худро ёфтанд. Маълум гардид, ки ҳаҷми ММД дар соли 2017 ба 60 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ 7% - ро ташкил дод. Мувофиқи дурнамои рушди иқтисодиёти миллӣ дар се соли минбаъда бояд ин нишондиҳанда 30% афзоиш ёфта ба 82 млрд. сомонӣ расонда шавад.

Инчунин мувофиқи "Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки ҳаҷми ММД-ро ду маротиба зиёд намуда, сатҳи камбизоатиро ду маротиба кам намояд, яъне мутаносибан ҳаҷми ММД бояд ба 110 млрд. сомонӣ расонда шуда, сатҳи камбизоатӣ то 15% паст карда шавад. Барои амалӣ намудани ин нақшаву ниятҳо дар давраи аввал 36 млрд. сомонӣ ва дар давраи дуюм, яъне солҳои 2018-2020 наздики 70 млрд. сомонӣ равона карда мешавад. Иловатан ҷалби 850 млн. доллар ҳамчун қарз ва грант ба нақша гирифта шудааст. ММД ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12% ва нисбат ба нишондодҳои пешбинишуда 8% зиёд гардид. Даромаднокии пули аҳолии мамлакат низ дар ин давра 10% зиёд шуд.

Дар масъалаи идома додани сиёсати баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда низ пешравиҳо ба назар мерасад. Мувофиқи маълумотҳои овардашуда содирот нисбат ба соли 2016 – 35,4% афзоиш ёфта, воридот - 10% кам карда шуд.

Дар соли ҷории молиявӣ низ хислати иҷтимоӣ доштани буҷети мамлакат идома дода мешавад. Аз ҷумла барои соҳаи маориф - 3,8 млрд. сомонӣ, тандурустӣ – 1,5 млрд. сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 3,3 млрд. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш – 648 млн сомонӣ ва нақлиёту коммуникатсия – 1,4 млрд. сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Дар давоми панҷ соли охир маблағгузориҳо ба соҳаи маориф – 2,3 баробар ва ба соҳаи тандурустӣ бошад 2,1 баробар зиёд гардид. Ин нишондодҳо дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 дар соҳаи маориф – 16% ва дар соҳаи тандурустӣ – 25% афзоиш ёфтааст.

Вобаста ба беҳтаршавии вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва суръати рушди воқеии иқтисоди миллӣ пешбинӣ шудааст, ки аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз 10% то 15% зиёд карда шавад. Инчунин андозаи ҳадди ниҳоии нафақа, нафақаи заминавӣ ва нафақаи меҳнатии шаҳрвандон низ 15% зиёд карда мешавад. Ин тадбир боиси беҳтар шудани вазъи зиндагии аҳолии мамлакат мегардад.

Маблағгузориҳо ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ беҳтар гардида, дар давоми ду соли охир аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 22 млрд. сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст, ки аз ин ҳисоб 6 млрд. сомониро маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ташкил менамояд.

Бо мақсади татбиқ намудани рушди инфрасохтори энергетикӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ 26 лоиҳа таҳия карда шуда, 40 созишномаҳои қарзиву грантӣ ба маблағи умумӣ 7 млрд. сомонӣ ба имзо расонда шудааст.

Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои "Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 12 млрд. сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Бо мақсади ба кишвари сайёҳӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифӣ кардани имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳод гардид, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Умуман самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтар сохтани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва сифатан хуб кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст. Чӣ тавре, ки Роҳбари давлат дар охири Паём қайд намуданд, мардуми шарифи Тоҷикистон барои зиндагии шоиста ҳаққу ҳуқуқи комил дорад. Хуллас, Паём як дастурамалест барои мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳнамоест ба фардои дурахшони зиндагӣ.

З. Туйчиқулов, н.и.и., устоди калони кафедраи назарияи иқтисод

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top