Оғози субот ва амнияти кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Бинанда: 1763 | Санаи нашр: 08 Май 2018

Инак, дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як саҳифаи нав, рӯйдоди басе муҳим барои ду миллати дӯсту ҳамсоя - тоҷикон ва ӯзбекҳо ба амал омад. Талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва илм, иҷтимоиёт, маънавиёт, дӯстию рафоқат, рафтуои хешу таборӣ ва ғайраҳо 9-уми марти соли 2018 ҷомаи амал пӯшид. Дар ин сана Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ҳангоми истиқбол дар фурудгоҳ Шавкат Миромонович бо як самимияти беандоза, дар вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки қадам ба хоки Тоҷикистон гузоштам, гоҳ борону гоҳ офтоб - ин аз он далолат медиҳад, ки дӯстию ҳамкориҳо ва ҳамсоягии мо ҳамчун об мусаффо ва ҳамчун рӯшноӣ ба дилҳои ҳарду халқи кишварҳо гармию нур оварад. Ҳамагон огоҳанд, ки ин ду халқи ҳаммаслаку ҳамнишин асрҳои аср бо ҳам як пора нонро якҷоя медиданд. Аз сарчашмаҳои таърихии халқҳо маълум аст, ки фарҳангу адабиёти тоҷику ӯзбек робитаи таърихӣ дорад. Чунончӣ аз асрҳои 15 сар карда аллома Абдураҳмони Ҷомӣ бо Алишер Навоӣ ба ин амал дар сатҳи баланд оғоз намуда, минбаъд Садриддин Айнӣ ва Ҳамза Хакимзода Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов, Мӯъмин Қаноат ва Улмас Ҷамол ва дигарон ба ин дӯстӣ такони тоза бахшидаанд ва ин анъана то пош хӯрдани давлати шӯравӣ давом дошт. Мутаассифона, баъди пош хӯрдани давлати шӯравӣ бо сабабҳои ба ҳамагон маълум ин риштаи дӯстию ҳамкориҳо хеле заиф шуд. Хурсандиовар ин аст, ки қалби пур аз меҳру шафқати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пас аз 26 сол ин шӯълаи дӯстию ҳамкориро аз нав эҳё намуд. Вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ гувоҳи ин мебошад. Он рӯз пас аз вохӯрӣ қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карда, шартномаҳои дахлдорро дар ин ҷода ба имзо расониданд. Тазаккур бояд дод, ки аз пешвозгирӣ то гусел дар дили ду марди абарқудрати тоҷику ӯзбек Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аломатҳои тайи чандинасраи Ҷомӣ ва Навоӣ баръало ҳис карда шуд. Мулоқоти дуҷонибаи сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҳамкориҳои ду давлат такони ҷиддӣ хоҳад дод. Мо аз даврони гузашта ва шӯравӣ хуб огоҳ ҳастем, ки чӣ дар соҳаи сиёсат, чӣ дар соҳаи иқтисод, чӣ дар соҳаи иҷтимоёт, чӣ дар соҳаи фарҳанг, чӣ дар соҳаи илму маориф ва ғайраҳо байни ин ду кишвари дӯсту ҳамсоя муносибатҳои хеле хуб доштем. Аз ҷумла, шабакаи ягонаи маркази барқтаъминкунӣ, таъмини гази табиӣ, робитаи ҳавоӣ ва заминӣ, тиҷорату савдо, таҳсилот дар мактабҳои олӣ ва ғайраҳо тасдиқи гуфтаҳои боломебошанд. Асарҳои безаволи ниёгонамон ва адабиёти муосири тоҷик бо забони ӯзбекӣ, инчунин беҳтарин афкори фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо забони тоҷикӣ дастраси хонандагони сершумор гардида буд.

Қарордодҳои байни давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба тасвибрасида, барои дар ояндаи наздик барқарор кардани иртиботи ҳавоиву автомобилӣ байни шаҳрҳои ду кишвар, рушди маорифу илм, тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар донишкадаю донишгоҳҳо заминаи зарурӣ ба вуҷуд оварда, ба дигар робитаҳои ҷонибҳо мусоидат менамоянд. Дар рафти мулоқот ва музокирот ҷонибҳо зарурияти таҳкими ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар чолишҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд. Вохӯрию мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев натиҷагирӣ намуда қайд бояд кард, ки ба рушди бемайлон ва ҳамаҷонибаи тамоми муносибатҳои дуҷониба такони сифатан нав мебахшанд. Бояд тазаккур дод, ки беҳдошти муносибатҳои мутақобила имконият медиҳад, ки дар ҳарду кишвар рушди устувори иқтисодӣ таъмин карда шуда, сатҳи зисту зиндагии мардуми ин кишварҳо баланд гардида, мавқеи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойи муносибро ишғол намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди тоҷик бо риояи расму анъанаҳои накуи аҷдодӣ - меҳмоннавозӣ ва инсондӯстӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар меҳмононро бо як ҷаҳон таассурот гуселониданд.

Р. Раҷабов, С. Зубайдов, устодони ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top