Баъзе масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ дар партави Паёми Пешвои миллат

Бинанда: 2186 | Санаи нашр: 08 Май 2018

Ҷаҳони имрӯзаро падидаҳои нав фаро гирифтаанд, ки таҳти назар қарор додани онҳо барои пешравии давлату миллат ниҳоят муҳим мебошад. Яке аз ин падидаҳои нав иқтисоди рақамӣ мебошад, кидоир ба он дар Па- ёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 чунин зикр шудааст: "Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд". Воқеан ҳамтаваҷҷӯҳ бамасъалаҳои иқтисоди рақамӣ рисолати муҳаққиқони ҷавон ба шумор меравад. Иқтисоди рақамӣ пеш аз ҳама дар асоси технологияҳои рақамӣ ба вуҷуд меояд. Яъне фаъолияти иқтисодӣ тавассути технологияҳои рақамӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин ҷараён хизматрасониҳои электронӣ, "мол"- ҳои электронӣ дар тиҷорат васеъ ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон гардиши маблағҳо тавассути воситаҳои электронӣ ба роҳ монда мешаванд, ки омили муҳимтарини тиҷора- ти электронӣ мегарданд. Ба вуҷуд овардани иқтисоди рақамӣ натанҳо ба савдо рабт дорад, он инчунин дар соҳаҳои алоҳида: маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ, суғуртавӣ, боркашонӣ ва ғайра низ татбиқпазир аст. Масалан, ба роҳ мондани таълимоти фосилавӣ, ташкил намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ташкилотҳо бо кормандони фосилавӣ, баргузор намудани музоядаҳои электронӣ ва ғайра. Ҳангоми рушди иқтисоди рақамӣ якчанд бартариятҳоро мушоҳида кардан мумкин аст (сарфаи вақт, дастрасӣ ба иттилоот доир ба молу маҳсулот, шаффофият, мониторинг ва ғ.).

Сарфа шудани вақт. Ҳангоми дар иқтисодиёт истифода кардани технологияҳо пеш аз ҳама вақт сарфа мегардад. Вақт дар иқтисод нақши муҳим дорад. Ҳамаи ҷараёнҳои иқтисодӣ бо вақт алоқамандии зич доранд. Масалан, он кореро, ки инсон дар як рӯз анҷом медиҳад, технология метавонад дар як соат анҷом диҳад. Ҳамзамон технологияҳои ҳозиразамон ҳатто дар бораи ҳар як ҷузъиёти истеҳсолот ва хизматрасонӣ маълумоти дақиқ дода метавонад. Ин гуна маълумотҳо барои банақшагирӣ ва баровардани қарори дуруст шароит фароҳам меорад. Масалан, сайти www.metavonem.tj барои мақомоти давлатӣ имкон фароҳам меорад, ки дар бораи мушкилоти гуногун (барқ, об, партовҳо ва ғайра) сари вақт маълумот пайдо карда чораҷӯӣ намоянд. Сарфа шудани маводҳои истеҳсолӣ. Ҳангоми истифодаи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт натанҳо вақт, инчунин маводҳо низ зиёд сарфа мешаванд. Масалан, ҳангоми коргузории электронӣ дар ташкилот имкон дорад, ки қисми зиёди хароҷотҳо доир ба коғаз, ранг, мубодилаи ҳуҷҷатҳо сарфа гарданд. Ҳамзамон технологияҳои рақамӣ дақиқ муайян мекунанд, ки кадом миқдор маҳсулот барои истеҳсолот зарур аст, саҳми ҳар корманд дар корхона чӣ қадар аст ва ғайра. Сарфа шудани қувваи корӣ (ба вуҷуд омадани ҷойҳои кории нав). Аллакай дар бисёр ташкилотҳо вазифаи котиб ихтисор шуда истодааст. Зеро ҳар корманд бевосита худаш маводҳои заруриро чоп менамояд. Ҳамзамон ҳангоми мубодилаи ҳуҷҷатҳо нафари алоҳида зарур нест. Инчунин корҳои хазиначӣ, муҳосибот ва дигар мутахассисон низ осон гаштааст. Масалан, тавассути барномаҳои махсуси муҳосиботӣ тамоми ҳисобу китоби даромад ва хароҷот дар як барнома ҷойгир шудааст.

Яъне зарурат ба шумораи зиёди кормандон дар бахши муҳосибот аз байн меравад. Ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд. Масалан, айни ҳол кормандони шабакавӣ қариб дар тамоми ташкилотҳо барои ба низом овардани шабакаҳои дохилию берунии ташкилотҳо зарур мебошад. Онҳо барои ба низом овардани коргузории электронии ташкилот мусоидат менамоянд. Ба вуҷуд омадани шаффофият. Ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии фаъолияти корӣ, шаффофият низ ба вуҷуд меояд. Роҳбарият метавонад тамоми бурду бохти фаъолияти ташкилотро тавассути барномаи зарурии хоси ташкилот таҳти назорати худ қарор диҳад. Масалан, дар донишгоҳ маъмурият тавассути технологияҳои рақамӣ метавонад давомоти донишҷӯёнро дар дарс назорат намояд, сифати дарсгузарии устодонро мушоҳида намояд ва ғайра. Барои маниторинг ва таҳлил шароит ба вуҷуд меояд. Ҳангоми муомилоти молу маҳсулот тавассути технологияҳо нишондодҳо барои омма дастрас мегарданд. Омӯзиши бозор осон мегардад. Тавассути омӯзиши бозор ва талабот маҳсулоти зарурӣ метавонад омода гардад. Рушд намудани моликияти зеҳнӣ. Дар иқтисодиёти рақамӣ нақши калидиро моликияти зеҳнӣ мебозад. Аз як тараф эҷодкорон барномаҳои электронии махсуси худро омода карда ба бозор мебароранд, аз тарафи дигар рақобат дар ин соҳа зиёд мегардад. Масалан, дар Playmarket аллакай барномаҳои гуногуни ватанӣ ҷойгир шудааст (Ёрии ҳуқуқии ман, БДА - ҷаримаҳо, ЕССЕ бо забони тоҷикӣ ва ғайра). Беҳтар шудани муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии дохилию хориҷӣ. Истифодаи технологияи рақамӣ имкон медиҳад, ки муоширати инсоният дар дилхоҳ макон ва замон ба осонӣ сурат гирад. Дар ин ҷараён хароҷотҳои алоқавӣ сарфа мешаванд, баъдан тавассути технологияҳо маблағҳои заруриро хусусан муҳоҷирон ба хонаводаашон мерасонанд. Тоҷирон ҳатто ба бозор ташриф наоварда, молро тавассути технология аз назар мегузаронанд. Босуръат афзоиш намудани тиҷорат ва гардиши мол. Технология воситаи осонтарин ва арзонтарини рекламаи молу маҳсулот аст. Яъне шарт нест молу маҳсулот дар бозор бошад, муҳим он ки дар сомонаҳои рекламавӣ (масалан, дар сомонаи somon.tj) тамоми маълумоти молу маҳсулот гузошта мешавад ва ин имкон медиҳад, ки савдо ва тиҷорат рушд ёбад. Омилҳои номбаршуда охирин нестанд, зеро технологияи рақамӣ мисли рақам имкониятҳои беохир дорад. Дар ин ҷода муҳаққиқонро зарур аст, ки ба таҳлили масъалаҳои воқеӣ ва зарурӣ машғул шаванд ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро рушд дода, онро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пайванд намуда, самаранок истифода баранд. Аз тарафи дигар, ҳар соҳибкасб метавонад аз ин технологияҳо истифода бурда, ба истеҳсолот ва эҷодиёти нав машғул гардад. Дар рушди иқтисоди рақамӣ нақши калидиро давлат мебозад. Зеро тамоми масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии марбут ба иқтисоди рақамиро бо таври устувор давлат метавонад ба низом дарорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар ин ҷараён масъулони давлатӣ ба самтҳои зерин аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд: • танзими ҳуқуқӣ; • омода кардани мутахассисон; • баланд бардоштани маърифати технологӣ; • гузаронидани тадқиқотҳои соҳавӣ; • ташкил намудани инфрасохтори технологӣ; • ташкил намудани инфрасохтори иттилоотӣ; • таъмини амнияти иттилоотӣ ва ғайра. Қобили зикр аст, ки дар ин ҷараён илм ҳамчун воситаи муайян кардани татбиқи технологияҳои рақамӣ дар иқтисод баромад мекунад. Яъне дар асоси нишондодҳои илмӣ ҳамгироии технология ва иқтисодиёт ба амал меояд. Дар ин ҷараён ҷанбаи ҳуқуқии масъала дар он ифода меёбад, ки қонунгузор барои рушди иқтисоди рақамӣ бояд шароити мусоид фароҳам оварад. Таҷрибаи қонунгузории давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки баҳри рушди иқтисоди рақамӣ имтиёзҳои андозию гумрукӣ, бақайдгирию ташкилӣ ба роҳ монда мешавад. Инчунин маҳдудиятҳои беасосе, ки боиси косташавии иқтисодиёт мегардад аз байн бурда мешавад. Ҳамин тариқ, бо қонун низоми иқтисодӣ муайян ва идора карда мешавад. Ва ин усул дар давраи ҳозира, ки онро давраи рушди иқтисоди рақамӣ арзёбӣ менамоянд, қобили татбиқ аст. Албатта, рушди иқтисоди рақамӣ танҳо аз масъалаҳои зикршуда иборат нест. Барои дар маҷмӯъ ба роҳ мондани ин масъала пеш аз ҳама тадқиқотҳои соҳавӣ гузаронида, дар натиҷаи онҳо барномаҳои давлатӣ қабул намудан зарур аст. Яъне дар ин ҷода қадам ба қадам ҳаракат кардан қобили қабул аст. Дар мақолаи мазкур мо ҳамаи паҳлуҳои иқтисоди рақамиро фаро гирифта наметавонем. Аз ҳамин лиҳоз, умедворем, ки оянда оид ба ин масъала дар ҳамкорӣ бо дигар мутахассисон тадқиқоти мушаххасро анҷом дода, онро барои татбиқи рушди иқтисоди рақамӣ дар ватанамон равона созем.

У. Меликов, номзади илмҳои ҳуқуқ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорати ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top